11-уми январ, соати 14:10 хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» амалиёти муштарак гузарониданд, ки дар натиҷа убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби қочоқчиёни афғон ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.
“Дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ қочоқбарони афғон иборат аз 4-5 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони РВКД ҶТ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷаи задухӯрд як нафар қочоқчӣ безарар гардонида шуд. Боқимонда аз тариқи қамишзор ақибнишинӣ карда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд”, – гуфт мешавад дар иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ. Дар ин амалиёт аз интиқоли ғайриқонунии тақрибан
Бино ба маълумоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ аз қочоқчиён ба миқдори