Роҳбари гурӯҳи террористии “Ал- Қоида” Айман Аззавоҳирӣ дар махфигоҳаш воқеъ дар шаҳри Кобули Афғонистон аз ҷониби тайёраҳои бесарнишини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кушта шуд. Ин хабарро президенти Амрико Ҷо Бойден чанд соате қабл таъйид кард.

«Маъмурият бомуваффақият анҷом шуд. Аз аъзои оилаи ӯ (Аззавоҳирӣ – шарҳи ред.) ягон нафар осеб надидааст, аз аҳолии осоишта талафот нест. Ман ин хабарро ҳоло пас аз тасдиқи бомуваффақияти комили амалиёт таъйид мекунам”, – гуфт Байден аз айвони Кохи Сафед.

Бояд гуфт, ки баъд аз аз кушта шудани Уссома бин Лодан дар соли 2011 дар Аптободи Покистон, намояндагии созмони байналмилалии террористии “Ал-Қоида” бар ӯҳдаи Айман Аззавоҳирӣ буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь