Ҳукумати Норвеж, кишвари аврупоӣ, эълон кард, ки Фаластин ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф шудааст, хабар медиҳад шабакаи телевизионии NRK.

Дар ин бора сарвазири ин кишвар Йонас Ғар Сторе дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Қарор аз 28-уми май эътибор пайдо мекунад. Ин кишвар даҳумин узви Иттиҳодияи Аврупо шуд, ки Фаластинро ба расмият шинохт. Дар соли 1988 ин корро Лаҳистон, Ҷумҳурии Чех, Словакиё, Маҷористон, Булғористон, Румонӣ, Қибрус ва Малта анҷом доданд. Суид давлати Фаластинро соли 2014 ба расмият шинохт.

Дар аввалҳои моҳи май Ҷозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷа ва сиёсати амниятӣ, гуфт, рӯзи 21-уми май Испониё, Ирланд ва кишварҳои дигари ин иттиҳодия Фаластинро ба расмият мешиносанд. Баъдтар, мақомоти як қатор кишварҳо гузориш доданд, ки ин метавонад то охири моҳ рух диҳад. Словениё эълон кард, ки нақша дорад давлати Фаластинро то миёнаҳои моҳи июн ба расмият шиносад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь