Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Ҷоми миллатҳои араб, ки дар кишвари Миср идома дорад, ширкат кард.
Дастаи Тоҷикистон дар бозии якуми гуруҳӣ аз дастаи Марокаш бо натиҷаи 1:6 шикаст хӯрд, аммо дар ду бозии дигар пирӯзӣ ба даст оварда, ба даври дигар роҳ ёфт. Футболбозони Тоҷикистон аввал бо дастаи Аморати Араб бозӣ карданд ва бо натиҷаи 3:2 дастболо шуданд. Дар бозии охирини гуруҳӣ ба дарвозаи Ҷибутӣ 5 голи беҷавоб заданд ва бо 6 имтиёз ба даври плей-офф баромаданд.
Дар ин марҳила шогирдони Турдиев бо соҳибони майдон дастаи мунтахаби ҷавонони Миср бозӣ карданд. Мисриҳо 3 гол ба дарвозаи дастаи кишвари мо заданд ва бо натиҷаи се бар ҳеч ғолиб омаданд. Бо ҳамин футболбозони ҷавони тоҷик ширкати худро дар Ҷоми миллатҳои араб дар даври чорякфинал ба анҷом расонданд.