Аз сабаби набудани техникаҳои заминкан ё фарсуда будани ду техникаи Идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ саривақт заҳбуру заҳкашҳо тоза карда намешванд. Аз ин ҳисоб айни замон 600 гектар замини ин ноҳия аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Роҳбари Идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба “Фараж” гуфт, ки  солҳои пеш аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва ноҳия барои беҳтар кардани ҳолати мелеративии заминҳо маблағ ҷудо карда мешуд, мутаассифона, 3-4 соли охир чунин маблағҳо тамоман ҷудо карда намешаванд.

Ӯ қайд кард, ки дар тавозуни Идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрии ноҳия беш аз 1 ҳазору 100 километр заҳбур заҳкаш ҳаст, ки бояд онҳо саривақт тоза карда шаванд, аммо онҳо саривақт тоза карда намешаванд, зеро барои тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо бояд идора бо техникаҳои муосир таъмин бошад.

– Дар Идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳоло ду техника, ки онҳо низ аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондаанд, ҳасту халос, ки онҳо зуд-зуд вайрон шуд,а сӯзишвории зиёд низ сарф карда мешавад ва мо аз ноилоҷӣ бо онҳо кор карда истодем, – гила кард номбурда.

Ба гуфти ин шахси масъул ҳоло 50 дарсади заҳбуру заҳкашҳои ноҳия дар ҳолати бад қарор доранд.

– Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз сатҳи оби дарёи Вахш зиёда аз 17 метр паст  мебошад аз ин ҳисоб  заминҳо бештар аз гардиши кишоварзӣ берун мемонанд. Бояд мо ҳади ақал солона 100-150 километр заҳбуру заҳкашҳоро  тоза кунем, аммо ин имкниятро надорем, – қайд кард роҳбари идораи болозикр.

Маҳмуд Камолов, илова кард, ки ҳоло дар ноҳия 600 гектар заминҳои ноҳия ҳолоати кишоварзиашон ғайриқаноатбахш ҳастанд, ки дар ин заминҳо ягон намуд зироат кишт карда намешавад.

Мавсуф афзуд, ки мушкили асосие, ки корхонаро ба ташвиш овардаст, ин вазъи молиявӣ, рӯз аз рӯз афзудани қарзи идора дар назди Нозироти андоз мебошад.

– Айни замон  идора аз андоз 3 миллиону 50 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад, ки омили зиёд шудани қарзи андоз ин саривақт пардохт нашудани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби 7 ассотсиатсия мебошад, – гуфт номбурда ва илова кард: – Мо сарвиақт бо об таъмин мекунем, аммо маблағро пардохт намекунанд ва қарзи онҳо дар назди идора ҳоло беш аз 2 миллион сомониро ташкил кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь