Дар арафаи иди Рамазон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба беш аз 300 нафар аз оилаҳои камбизоат, ятимон, маъюбон ёрии яквақта расонида шуд.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур иттилоъ доданд, ки аз ҷониби як нафар соҳибкори ватанӣ ба 100 оила маводи хӯрокворӣ, аз ҷониби соҳибкори дигар ба 54 оила 500 сомонӣ, аз ҳисоби мақомот ба 60 оила ёрӣ расонида шуд.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби худи раиси ноҳия ба чор нафар маъюб дар арафаи иди Рамазон аробачаи маъюбӣ ва ба дигар оилаҳо маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь