Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ 19 кас аз ҳайвонҳо, асосан аз сагҳои дайду ва бесоҳиб, осеб дида, як нафар фавтидааст.

Директори Маркази назорати давалатии  санитарию эпидемиологии ноҳияи мазкур Каримзода Абдулҳамид  ба “Фараж” иттилоъ дод, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баҳри пешгирӣ аз осеббинии ҳайвонҳо, аз ҷумла сагҳо, 155 саги дайдуву бесоҳиб безарар гардонида шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, имсол 19 ҳолати осеббинӣ аз ҳайвонҳо дар ноҳия ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле кам аст. Аммо аз бемории ҳорӣ як нафар сокини деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳия  фавтидааст, илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь