Аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз ба 70 тифли навзод шаҳодатномаи тавалуд ройгон туҳфа карда шуд.

Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ализода Майнисо ба “Фараж” хабар дод, чунин иқдом ба хотири дастгирии оилаҳои ниёзманд дар арафаи ҳар иду ҷашн амалӣ карда мешавад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар арафаи иди Наврӯз ба чанд маъб кӯмакҳои яквақтаи моллӣ расонида шуда, ин иқдом дар оянда низ идома хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь