Кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 133 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар майдони 111,0 гектар замин ошкор карданд.

Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Расулзода  Мирзовалӣ ба “Фараж” иттилоъ дод, дар се моҳи авали сипаригардидаи соли ҷорӣ аз тарафи нозирони Кумитаи идораи замини ноҳия  133 адад дар майдони умумии 111,0 гектар ҳолати вайронкунии қонунгузории замин  муаяян карда шуда, нисбат ба 103 нафари онҳо санад ва қарори ҷарима тартиб дода шуда онҳо ба маблағи 92 ҳазору 688 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Аз ҷаримаи басташуда 45 ҳазору 218 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумита пардохт гардидааст ва барои бартаарф кардани қонуншиканиҳои ошкоргардида 133 дастур дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аз шумораи қонуншиканиҳои ошкоргардида 83 адад дар майдони умумии 77,08 гектар дар маҳал бартараф карда шуданд.

– Барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба прокуратура 5 адад, ба хадамоти иҷро дар ноҳия 61 адад мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағҳои ҷарима пешниҳод карда шуд, – илова кард ӯ.

Қайд гардид, ки аз тарафи кумитаи идораи замини ноҳия дар ҳудуди муссисаҳои таълими оид ба истифодабарии китъаҳои замин санҷишҳо гузаронида шуда, 11 қонуншиканӣ ошкор гардида, нисбати ҳолатҳои зикршуда санад, нусха,  харита, нақшаи ҷойгиршавӣ ва расмҳо омода гардида, барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба мақомотҳои дахлдор дар ноҳия пешниҳод карада шуд.

Аз тарафи прокуратураи ноҳия барои фавран бартараф кардани қонуншиканиҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маводҳо ирсол гардида, маводҳои мазкур барои чораандиши ба Кумитаи идораи замини ноҳия ворид шуда, барои ба таври маҷбурӣ бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта тибқи моддаи 104-и Кодексӣ замини Ҷумхюҳурии Тоҷикистон ба унвони раиси ноҳия пешниҳод ирсол карда шуда, оид ба масъалаи мазкур қарори раиси ноҳия оид ба таъсиси гурҳи корӣ ба имзо расида аз 11 қонуншикании зикршуда 5 адади он ба ҳолати аввала баргардонида шуда, 4 адад барои ба мувозинати шуъбаи маориф гузаронидани онҳо маводҳо тартиб дода 2 адад дар баррасӣ қарор доранд. Аз тарафи кумитаи идораи замини ноҳия 2 адад қарори ғайриқонунии раиси ноҳия ошкор гардида, аз ин 1 адад бекор, 1 адад ба қонун мутобиқ карда шудааст, гуфт номбурда. Ӯ афзуд, ки назорат аз рӯйи заминистифодабарандагони ҳудуди ноҳия идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь