Лулиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки шуғли асосиашон талбандагӣ аст, аз сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мӯйро  бо нархи арзон ва иваз кардан бо ҳар гуна ашиёҳои рӯзгор ҷамъоварӣ мекунанд ва як килограми онро бо нархи 500-620 сомонӣ мефурӯшанд.

Хабарнигори “Фараж” дар ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ шоҳиди «бозори мӯй» шуда, дар бораи фурӯши  мӯй маълумот дастрас кард.

Дар назди деҳаи Максим Горкий бозори мӯй ташкил шудаву ду нафар аз лулитаборон тарозу гузошта, аз ҷугиҳое, ки аз субҳ то шом дар кӯчаҳо мегарданду мӯй ҷамъоварӣ мекунанд, онро бо нархи 500 сомонӣ мехаранд. Соҳибкорони лулитабор мӯйро тоза карда, ба шаҳрвандони Чин як килограмашро 620 сомонӣ мефурӯшанд.

Ба гуфти масъулони ҷамоати Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ду деҳаи ноҳия беш аз 3 ҳазор лулӣ кору зиндагӣ мекунанд, ки шуғли  асосии онҳо талбандагӣ аст. Ҳоло лулиҳо кушиш доранд, фарзандони худро хононда, соҳиби касб кунанд. Дар як  муассисаи ибтидоӣ наздики 100 нафар  аз синфи як то чор таҳсил мекунанд.

Лулиҳо дар деҳаҳои худ роҳ, дарвоза, пул ва дигар иншоот сохтаанд. Як соҳибкори муваффақашон чанд сол пеш аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ободонӣ дар маҳал бо сипоснома қадрдонӣ шудааст.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Қандашона зананд. Занҳои шумо мӯйҳои сарашонро мепартоянд, аммо лӯлиҳо аз он пул кор мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь