Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон то соли 2026-ум бояд 340 бинову иншооти таъйиноти гуногун бунёд шавад, ки аз он то имрӯз беш аз 200 иншооташ сохта ба истифода  дода шудааст.

Мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Саид Шукуров  иттилоъ дод, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давалтии кишвар бунёду азнавсоии  340 иншоот дар соҳаҳои маориф, тандурстӣ, фарҳанг, роҳ, иншооти хизматрасонӣ, варзишӣ ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Қайд гардид, ки аз иншоотҳои мазкур дар ду солу ду моҳ 202 ададаш бо ташкили беш аз 250 ҷойи нави корӣ бо харҷи зиёда аз 25 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳоло дар боқимонда иншоотҳо  корҳои сохтмонҳо идома доранд.

Қайд гардид, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар ноҳия бунёди 10 коргоҳу коронаи саноатӣ ба нақша гирфита шудааст, ки аз онҳо то ҳол як коргоҳи қанди сафед мавриди истифода қарор дода шуда, имсол корхонаи коркарди орд ва як корхонаи дигар ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин Шарифбек Одинаев, сардори шуъбаи сохтмони асосии ноҳияи мазкур, гуфт, соли гузашта барои бунёди иншооте, ки  дар тобеияти онҳо мебошад, 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба ба нақша гирифта шуда буд, ки он пурра маблағгузорӣ шуда,аз маблағи мазкур 1 миллиону 100 ҳазораш дар бунёди мактаби мусиқии бачагон ва боқӣ дар дигар иншоот харҷ гардидааст. Ӯ гуфт, имсол аз ҳисоби маблағҳои буҷет барои идораи онҳо 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо ин маблағ бинои ҷамоати шаҳраки Балх ва боқии маблағҳо барои идомаи сохтмони мактаби бачагонаи ноҳия равона хоҳад шуд.

Сардори  Раёсати Вазорати молияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Файзализода Расул, низ қайд кард, ки соли гузашта аз ҳисоби буҷети ноҳия барои бунёди чанд шоот 10 миллион сомонӣ мабалғгузорӣ карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь