Ҳукумати ноҳияи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ тасмим дорад аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия имсол муассисаҳои таълимӣ ва томактабиро бо харҷи 2 миллиону 738 ҳазору 154 сомонӣ таъмир кунад.
Сардори шӯъбаи хазинадори Раёсати молияи ноҳияи мазкур Абдулҳафиз Ҷиёнов дар сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, ки маблағгузорӣ барои таъмири мактабҳо нисбати соли гузашта 141 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст. Ӯ афзуд, ки маблағгузорӣ аз моҳи июл оғоз мегардад. Соли гузашта барои таъмири мактабу боғчаҳо аз ҳисоби буҷети ноҳия 2 миллиону 597 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он пурра маблағгузорӣ карда шуд.
Дар ноҳияи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ ҳоло 50 муассисаи таълимӣ ва 5 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд.
Блоки рекламавӣ