Имрӯз дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рӯзи даъватшаванда баргузор гардид, ки дар он ҳамаи кормандони МИҲД-и ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигарон  иштирок намуданд.

Дар оғоз  раиси ноҳияи мазкур  Мирзозода Нурулло баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиши тантанавиро бахшида, ба  “Рӯзи даъватшаванда” табрику шодбош гуфта, бо наваскарони шуҷои Ватан хизмати содиқона, тани сиҳат ва бурдбориву мардонагӣ таманно кард.

Сипас раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия  Шариф Раҳимов ва падари даъватшаванда Сафаров Хуҷавалӣ  баромад карда , ба наваскарону  муҳофизони марзу буми Ватан хизмати шоиста  ва роҳи сафеду  иқболи баланд хоста, ҳозиринро бо “Рӯзи  даъватшаванда” табрику таҳният гуфтанд.

Баъдан, тибқи анъана, маросими «Нонгазон» сурат гирифт ва духтарони зебои диёр ба наваскарон рӯймолчаҳо ҳадя намуданд.

Имрӯз аз  майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳия 44 ҷавон ба  таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафтанд. Ба иштирокчиёни “Рӯзи даъватшаванда” ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим барномаи  хуби ҳунарӣ манзур намуда, хотири ҳамагонро болида гардониданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь