Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи ҷудои Бозиҳои Осиё дар кишвари Чин дар вазни то 81 кг соҳиби медоли тило шуд.

Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Сомон бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба карда, ба даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу баромад.

Дар даври нимниҳоӣ Сомон тавонист, ки бар Абулайхон Жубаназари қазоқ бо имтиёзи вазарӣ ғалаба карда, ба финал роҳ ёбад.

Нимаи дуюми имрӯз варзишгари тоҷик дар финал бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ мубориза бурд ва пирӯз шуд. Ин дуюмин нишони варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои Осиё аст ва аввалин тило барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз ин мусобиқаи бошукуҳ ба шумор меравад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь