Паҳлавони сангинвазни (+100 кг) тоҷик Темур Раҳимов дар финали мусобиқаи ҷудои Бозиҳои Осиё-2023 натавонист, ки пирӯз шавад ва бо гирифтани медоли нуқра иктифо кард.

Темур Раҳимов бо мағлуб кардани Ли Руйхуани чинӣ дар даври чаҳорякниҳоӣ ба даври ниманиҳоӣ баромад. Ин паҳлавони тоҷик дар як рақобати сахту сангин муқобили Ким Минйонг аз Кореяи Ҷанубӣ дар даври ниманиҳоии Бозиҳои Осиёии Ҳонгжу-2023 дар вақти тилоӣ бо имтиёзи вазарӣ зафар ёфта, ба финал баромад.

Дар финал Темур Раҳимов бо намояндаи Амороти Муттаҳидаи Араб Магомедумар Магомедумаров мубориза бурд ва натавонист пируз шавад. Темур соҳиби нишони нуқраи Бозиҳои Осиё шуд.

Ин аввалин нишони нуқраи Тоҷикистон аз Бозиҳои Осиё-2023 ва сеюмин медол аз ин мусобиқа аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь