Дар шаш моҳи аввали соли равон сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст (13878), ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1585 ҷиноят ва ё 12,9 дарсад зиёд будааст. Давоми як соли охир ҷинояти дуздӣ, бо шумори 3566 ҳолат, миёни ҳама ҷиноятҳои дигар дар мақоми аввал қарор дорад, ки он соли гузашта 3242 ҳолатро ташкил додааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз, 4-уми август, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он 20 ҳолат (2020-11), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 62 (48), таҷовуз ба номус 16 (9), роҳзанӣ 18 (14), савдои одамон 6 (10), ғоратгарӣ 75 (64), авбошӣ 510 (497), қаллобӣ 1481 (1007), ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва тайёр кардани силоҳ 5 (15), қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 257 (215), тамаъҷӯӣ 25 (10) ҳолат ба қайд гирифта шудаанд.
– Аз шумораи умумии ҷиноятҳо дар ин давра 9253 ададаш аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шудааст. Аз тарафи сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар 2 ҳолати сӯиқасд ба амали террористӣ ва 1 амали террористӣ, инчунин, 526 ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта муайян ва ба қайд гирифта шудааст,-гуфт Раҳимзода.
Вазир ҳамчунон қайд кард, ки дар ин давра 143 нафар аъзои созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ низ дастгир шудаанд. Рамазон Раҳимзода ошкорсозии зиёди ҷиноятҳоро ба фаъолияти хуб ва шабонарӯзии мақомоти қудратии кишвар рабт дод.