Дар толори машваратии Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» нишасти матбуотӣ баргузор гардид,

ки дар он намояндагони васоити ахбори омма ва роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ иштирок доштанд.

 

Намояндагони васоити ахбори омма қабл аз оғози нишасти матбуотӣ аз намоиши китобҳои тозанашри китобхонаи вилоятӣ дидан намуданд.

 

Дар нишаст мудири бахши Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Хайрулло Тоиров оид ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангии минтақаи Кӯлоб ба таври мухтасар маълумот дод.

 

Дар рафти нишаст рӯзноманигорон ба саволҳои худ аз тарафи роҳбарони муассисаҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь