Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорумин нишасти раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид. 

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода меҳмононро мухтасар бо таърихи китобхона ва имкониятҳову зарфиятҳои он ошно кард.

Ҳамоиш бо суханони муқаддамотии ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оғоз гардид.

Гуфта мешавад. ки ҳамоиши мазкур ду рӯз идома меёбад ва дар он раисони китобхонаҳои миллии 10 кишвари узви СҲИ – Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон, Раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ  ва намоянда аз Дабирхонаи СҲИ  ширкат доранд.

Ҳадаф аз баргузории ин нишаст ҳамкории амиқ байни китобхонаҳои миллӣ дар заминаи табодули иттилооти муосир, таъмиру ҳифзи китоб, табодули таҷриба ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ, роҳандозии сомонаи муштарак миёни китобхонаҳо мебошад. Дар ҷаласаи коршиносон оид ба ҳамин мавзӯъҳо ва низ масъалаҳои муҳим роҷеъ ба ҳамкориҳо дар оянда мавриди арзёбӣ қарор хоҳанд гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь