Нисбат ба сокини 33-солаи шаҳри Душанбе Эҳсонҷон Розиқов парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Номбурда соҳибмулки нуқтаи фурӯши сӯзишвории “ТСН” дар минтақаи  Испечак-2-и ноҳияи Сино аст, ки дар он шоми 1-уми майи соли равон сӯхтор ба амал омад.

Сӯхангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Нусратулло Маҳмудзода ба “Фараж” гуфт, мақомот соҳибмулкро барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор муттаҳам ва нисбаташ бо моддаи 192, қисми 2-и КҶ ҶТ парванда боз кардааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ду соли маҳрумӣ аз озодӣ ва ё ҷарима дар ҳаҷми 60 ҳазор сомониро пешбинӣ мекунад.

Бинобар иттилои мақомот, оташсӯзӣ масоҳати 90 метри квадратиро дар бар гирифта, беш аз 60 тонна маводи захирашудаи сӯхтро нобуд кардааст.

Ёдовар мешавем, ки сӯхтор тахминан соати 18:30 рух дод ва тибқи маълумоти мақомот, дар натиҷаи таркиши зарфҳои нигоҳдорандаи маводи сӯхт, 29 нафар ҷароҳатҳои сӯхтаи гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. 22 нафари ҷароҳатбардоштаҳо, пас аз муоина ва гирифтани ёрии аввалияи тиббӣ, ба хона рухсат шуда, боқимондаҳо бистарӣ гардиданд. Табибон вазъи саломатии танҳо як нафар Алексей Рязантсевро, ки корманди НФС будааст, вахим арзёбӣ мекунанд.

Духтури Беморхонаи шаҳрии рақами 3, маъруф ба “Ожоговий”, Рустам Ҳомидов, ки беморро табобат мекунад, дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт, Алексей Рязантсев ба худ омадааст, вале аҳволаш вазнин аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь