Дирӯз, 13-уми июн, дар шаҳри Душанбе Ниммарафони байналмилалӣ баргузор гардид. Ин марафон дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба нақша гирифта шуда буд.
Дар ниммарафон ҳудуди 400 нафар аз Олмон, Ҷопон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат карданд. Масофаи ниммарафон 21 километру 97 метрро ташкил дода, иштирокчиён дар масири кӯчаи Исмоили Сомонӣ-70 тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то маҳалли Чорбоғ, аз он ҷо тавассути хиёбони Рӯдакӣ то Майдони Дӯстӣ давиданд.
Миёни мардҳо намояндаи Ӯзбекистон Шоҳрух Давлатов бо натиҷаи 1:09.08 якум шуда ба марра расид. Ӯ дар Ниммарафони Душанбе моҳи апрел низ ҷои аввалро ишғол карда буд.
Чор ҷои боқимондаро варзишгарони Тоҷикистон сазовор шуданд. Самариддин Азимов бо натиҷаи 1:14.17 ҷои дуюм, Ғайрат Олимов бо натиҷаи 1:14.41 зинаи сеюм, Бобоҷон Яқинов бо натиҷаи 1:17.27 мақоми чорум ва Меҳробҷон Одинаев бо натиҷаи 1:17.41 ҷои панҷумро сазовор гардиданд.
Миёни бонувон низ намояндаи Ӯзбекистон Азизахон Мирзоакбарова бо натиҷаи 1:21.43 мақоми аввалро ишғол кард. Чор ҷои ифтихории дигар насиби варзишгарони Тоҷикистон шуд. Маҳина Баротова бо натиҷаи 1:34.09 ҷои дуюм, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода бо натиҷаи 1:38.12 мақоми сеюм, Раҷабмоҳ Абдуллоева бо натиҷаи 1:45.15 зинаи чорум ва Манижаи Рамазон бо натиҷаи 1:48.23 ҷои панҷумро ишғол карданд.
Кумитаи тадорукот барои ҷойҳои аввал 1500 доллари ИМА, дуюм 800 доллар, сеюм 600 доллар, барои мақоми чорум 500 доллар ва барои ҷои панҷум 300 доллар ҷоизапулӣ тақдим кард. Инчунин, ба иштирокчиён медали хотиравии «Ниммарафони ҷашни 20-солагии СҲШ» дар Душанбе дода шуд.