Раисиҷумҳури Нигер Муҳаммад Базум, ки бар асари табаддулоти низомӣ аз мақоми худ барканор шуд, аз Иёлоти Муттаҳида ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки тартиботи конститутсиониро дар ин кишвар барқарор кунанд ва ҳамчунин минтақаи африқоиро аз таъсири Русия тавассути ШХН «Вагнер» ҳифз кунанд.

Вай дар ин бора дар матлабе, ки дар газетаи америкоии «Вашингтон пост» чоп шудааст, изхор кард. “Ман ин сатрҳоро ба ҳайси як гаравгон менависам. Нигер зери ҳамлаи хунтаи ҳарбӣ қарор дорад, ки демократияи моро сарнагун кунад ва ман танҳо яке аз садҳо шаҳрвандоне ҳастам, ки худсарона ва ғайриқонунӣ боздошт шудаанд. Ин табаддулот, ки 26-уми июл ба муқобили ҳукумати ман аз тарафи гуруҳи кувваҳои мусаллаҳ cap шуд, ҳеч асосе надорад. Агар он муваффақ шавад, барои кишвари мо, минтақаи мо ва тамоми ҷаҳон оқибатҳои харобиовар хоҳад дошт”, гуфт ӯ.

Базум Нигерро “охирин сангари ҳуқуқи башар” дар минтақаи Соҳил номид, ки дар он ҷо дар Малӣи ва Буркина Фасои ҳамсоя ҳукуматҳои худкома қудрати худро бо кӯмаки зархаридони ширкати хусусии низомии «Вагнер»-и Русия нигоҳ медоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь