Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи интиқоли намояндагии дипломатии худ аз шаҳри Телавив ба Байтулмуқаддас изҳори нигаронӣ кард.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон бар он аст, ки ин амр минтақаи Ховари Миёна ва атрофи онро мувоҷеҳи мушкилоти бештари сиёсиву амниятӣ ва ташаннуҷи қавмиву динӣ хоҳад кард.

Бар пояи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (181), Вазорат таъкид менамояд, ки Байтулмуқаддас шаҳри тамоми адён маҳсуб ёфта, мунҳасир кардани он ба як қавм ё дин мухолифи қонунҳои байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом ба талошҳои чандинсолаи кишварҳо барои эҷоди сулҳ байни Фаластину Исроил латмаи ҷиддӣ ворид менамояд.

“Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умед менамояд, ки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор аз амалҳое, ки раванди истиқрори сулҳу суботи минтақаро халалдор менамоянд, худдорӣ намуда, ба ҳаллу фасли созандаву одилонаи ҳамаи ҷанбаҳои қазияи Фаластину Исроил дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард”, – гуфта мешавад дар ин изҳорот.

Ёдовар мешавем, ки президенти ИМА Доналд Трамп аввали ин ҳафта бо имзои як фармон сафорати худро аз Телавив ба Байтулмуқаддас (Қудс, Иерусалим) кӯчонд ва бо ин пойтахти Исроил будани Байтулмуқаддасро ба расмият шинохт. «Имрӯз ман ба ин натиҷа расидаам: вақти он аст Иерусалимро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият бишносам», – изҳор доштааст Трамп.

Дар пайи ин амри Трамп шуморе аз фаластиниён бо ҳузур дар хиёбонҳо ба шиддат эътироз карданд ва аксҳои Трампро ба оташ кашиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь