Муштариёни “Агроинвестбонк”-ро дар шаҳри Панҷакент тақдири депозитҳояшон дар ин бонк, ки то ҳол гирифта наметавонанд, нигарон кардааст.

Чанде аз муштариён мегӯянд, кайҳост, ки мӯҳлати депозитҳояшон омадааст, аммо ҳаққи ҳалоли худро аз ин бонк гирифта наметавонанд. Ҳамчунин, масъулини бонк гуфтаанд, ки маблағҳои гузоштаи муштариён фоиз надорад ва ин шартномаҳо яктарафа бекор карда мешаванд.

Ин дар ҳолест, муштариёне, ки аз ин бонк қаздоранд, қарзашон тариқи суд рӯёнида, ё амволашон ба фоидаи “Агроинвестбонк” мусодираву фурӯхта мешавад. Яке аз муштариёни ин бонк, ки аз овардани номаш худдорӣ намуд, мегӯяд 4 сол пеш маблағашро ба “Агроинвестбонк” гузошта будааст. Бонк як маротиба ба ҳамин вазъияти бӯҳронӣ гирифтор шуд. Он вақт ҳам пулашро гирифта натавонистааст. “Аз бонк гуфтаанд, ки вазъ хуб мешавад. Каме беҳ, ки шуд, боз мӯҳлати депозитро дароз кардам. Ин бор мехоҳам пуламро гирам, мегӯянд, пул нест. Ин чӣ хел сиёсати бонкдорӣ аст, ки агар як рӯз аз бонк қарздор бошӣ ҷаримаат мекунанд, вале садҳо нафар пулашонро аз ин бонк гирифта наметавонанду ин бонк ҷавобгар нест?!” – ҳайратшро иброз мекунад ин муштарӣ.

“Агроинвестбонк” яке аз 4 бонки дар собиқ бонуфузи Тоҷикистон буд, ки муштариёни зиёд дошт. Пас аз муфлисшавии соли гузашта ҳукумати кишвар дар аввали соли ҷорӣ ба Агроинвестбонк, бо шумули чанд бонки дигар, ёрии молӣ карда буд, вале ин бонк натавонист қоматашро рост намудаву нуфузашро барқарор кунад. Як корманди собиқи филиали ин бонк дар шаҳри Панҷакент мегӯяд, чанд рӯз пеш зиёда аз 10 нафар кормандони ин бонкро аз кор озод кардаанд.

Дар ҳамин ҳол овозаҳое ҳам ҷой дорад, ки гӯё саҳмияҳои ин бонкро кадом як бонки чинӣ харидорӣ мекунад ва ин бонк ба бонки чинӣ, ё бонки муштарак бадал мешавад, аммо то он рӯз тақдири маблағҳои ба амонат гузоштаи садҳо муштарии ин бонк норӯшан хоҳанд монд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь