Дар Новокузнетски Русия парвандаи ҷиноятии шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон Фирӯз Р. баррасӣ карда мешавад. Ин парванда ду сол дар тафтишот будааст.
Соли 2015 Фирӯз Р., ки дар ҳолати сархушӣ ба кӯча баромада, корд дар даст шиорҳои диниву миллатгароӣ партофтаву шӯру мағал ангехта, ба занҳои роҳгузар ҳамла кардааст, боздошт шудааст.
Баъдтар маълум шудааст, ки ӯро дар Санкт-Петербург низ полис ҷустуҷӯ доштааст. Дар ин ҷо ӯро барои куштор гумонбар медонистаанд. Моҳи январи ҳамин сол ӯро дар Санкт-Петербург барои ҷинояти куштор муҳокима кардаанд ва баъди баромадани ҳукуми суд дубора ба Новокузнетск барои идомаи суд фиристодаанд.
Худи гумонбар ҳамаи инро рад карда гуфтааст, ки дар кӯчаҳо нидои «Аллоҳу акбар» сар надодааст ва ба касе ҳам озор нарасонидааст.