Тоҷикистон охирин нерӯҳои худро аз нуқтаҳои сарҳадии Хоҷаи Аъло, берун месозад.

Тибқи ду протоколи имзошудаи ахир миёни ҳайатҳои ҳукуматии ду ҷониб, Тоҷикистон охирин неруҳои ҳарбии худро аз нуқтаҳои сарҳадие, ки муноқишаҳо дар он ҷойҳо сурат гирифта буд, берун месозад. Ҳоло вазъ дар манотиқ ором буда, ҷонибҳо ба ҳисобу китоб ва барқарор кардани давраи баъди даргириҳо машғуланд.

Бояд гуфт, ки даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел миёни сокинони Хоҷаи Аълои Исфара ва Куктоши Бодканд дар сарҳад ба наздикии дарғот ё Маркази тақсими оби “Головной” рух дода буд. Тоҷикон хостанд, дар ин ҷо дурбини назоратӣ насб кунанд, вале қирғизҳо монеъ шуданд, ки ин ба як баҳси сокинон ва ба даргириҳои мусаллаҳона кашид.

Ҳоло тибқи тавофуқоти ҳосилшуда ду ҷониб нерӯҳои худро аз маҳалли даргириҳо дур мекунанд.

Бахтиёр Раҳматуллоев, хабарнигори махсуси “Фараж” , Ворух

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь