Имрӯз дар Катманду вохӯрии дастаҳои мунтахаби футболи Непал ва Тоҷикистон дар доираи бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 баргузор шуд.
Ҳисоби бозӣ баъди анҷоми қисми якум 0:2 ба фоидаи шогирдони Ҳаким Фузайлов буд. Голҳоро Манучеҳр Ҷалилов (дақиқаи 25-ум) ва Фарҳод Восиев (дақиқаи 30-юм) ба дарвозаи Непал заданд. Дар қисми дуюм соҳибони майдон тавонистанд, ки як голи ҷавобӣ зананд. Муаллифи он В. Магар буд, ки онро дар дақиқаи 61-ум ба нишон расонд.
Ба муаллифи голи якуми Тоҷикиcтон имкон буд, ки голи дуюми худ ва сеюми дастаашро занад, аммо Ҷалилов натавонист, ки партофти зебои Эҳсони Панҷшанберо истифода кунад.
Бозӣ бо ҳамин ҳисоб ба охир расид. Дар ин гурӯҳ шоми имрӯз вохӯрии байни дастаҳои Яман ва Филиппин баргузор хоҳад шуд.
Бозии ояндаи дасти миллии футболи Тоҷикистон дар доираи вохӯриҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар Тоҷикистон баргузор мешавад. 10-уми октябр футболбозони тоҷик бо бозигарони дастаи Неапал дар вохӯрии ҷавобии гурӯҳӣ қувва месанҷанд.