Назаров Раҷабалӣ, сокини деҳаи Каҷровути ноҳияи Деваштич, пас аз шаш моҳи адои хизмати ҳарбӣ рӯзи 20-уми апрели соли ҷорӣ аз олам гузашт. Мақомот марги ӯро норасоии ҳаво ва бемории дилу гурда арзёбӣ карданд, аммо пайвандон ба ин бовар надоранд, чун ҳангоми шустани ҷасад дар пушти сар ва рӯяш осори захм дида мешудааст.

Чӣ тавре бародари ӯ Муҳриддин Назаров дар сӯҳбат ба Фараж гуфт: “Агар бемор буд, пас чаро ба хизмат бурданд? Ман ёд надорам, ки то хизмат рафтан бемор шуда, дар беморхона хоб карда бошад. Танҳо грипп мешуд, ки бо гирифтани як укол ё хурдани дору сиҳат мешуд”.

Тамосҳои пайдарпайи мо баҳри пурратар омӯхтани ҳодиса ва гирифтани фикри масъулин бенатиҷа анҷомид, ба зангҳои мо ҷавоб надоданд.

Як шахси огаҳ аз ҳодиса ба шарти ифшо нашудани номаш, марги сарбозро тасдиқ намуда гуфт: “Бале дирӯз ба мо гуфтанд, ки чанд рӯз қабл ба ноҳияи Мурғоб бурдаанд. Дар он ҷо аз сабаби вазнинии боду ҳаво дилаш тоб наоварда аз дунё гузаштааст”.

Назаров 19 сол дошта, 14-уми сентябри соли 2002 дар деҳаи Каҷровут ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаб тирамоҳи соли 2020 бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафта буд. Аввал дар қисми низомие дар ноҳияи Восеъ адои хизмат мекард, ҳафтае пеш аз марг ӯро ба ноҳияи Мурғоб интиқол додаанд.

“Рақами қисми низомии дар Мурғоб бударо намедонам. То андозае, ки ба мо маълум гардид, ӯ дар ноҳияи Мурғоб дар Қушунҳои хушкигард будааст”, – гуфт бародари ӯ Муҳриддин.

Инчунин, пайвандонаш умед доранд, ки қазия ба пуррагӣ ва софдилона санҷида мешавад. Онҳо омодаанд, то дигарбора ҷасадро аз ташхис гузаронанд.

Чӣ тавре, ки бародараш ба мо гуфт: “Медонам, ки дигарбора мо наметавонем ӯро зинда кунем, аммо ин бояд ба дигарон дарс шавад. Агар мо имрӯз бе амал шинем, фардо метавонед бо фарзанд ё бародари каси дигаре ин ҳодиса рух диҳад”.

Ҳодиса пайгирӣ мекунем.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь