Пас аз баррасии дурӯзаи (28-29-уми апрел) парвандаи куштори лейтенанти калони милиса Меҳроншо Ҷумъаев дар суди ноҳияи Панҷ, мурофиаи навбатӣ ба рӯзи 7-уми май мавқуф гузошта шуд. Парвандаи ҷиноятиро раиси суди ноҳияи Панҷ Бахтиёр Абдураҳмонзода баррасӣ дорад.

Амаки милисаи марҳум Холиқназар Ҷумъаев дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки дар мурофиа чанд шоҳиди ҳодиса – ҳамкорони марҳум М. Ҷумъаевро пурсиданд ва онҳо низ бо парвандаи ҷиноятӣ шинос шуданд.

– Шоҳидони ҳодиса ҳам чизеро, ки дар тафтишоти пешакӣ гуфта буданд ва дар парванда дарҷ шуда буд, ҳамонро гуфтанд. Ягон гапи нав нест. Мурофиаи навбатӣ ба рӯзи ҷумъаи ҳафтаи оянда вогузор шуд ва шояд рӯзи баъдӣ ҳукми суд содир карда шавад, – гуфт Х. Ҷумъаев.

Номбурда гуфт, бовар доранд, ки парванда одилона баррасӣ мешавад ва ҳамчунин, итминон доранд, ки ҳукм низ одилона хоҳад буд.

Талошҳои мо барои дарёфти назари наздикони милисаи гумонбаршуда дар куштор бенатиҷа анҷомид. Бародари судшаванда Ҳалим Аҳмадов, ки дар рӯзҳои аввали ҳодиса бо ӯ суҳбати телефонӣ доштем, ба зангҳои мо ҷавоб надод.

Ёдовар мешавем, ки афсари милиса, лейтенанти калон Меҳроншоҳ Ҷумъаев 7-уми феврал ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ, дар дохили бинои ШВКД ноҳияи Панҷ, аз тири ҳамкораш ба қатл расида буд.

Прокуратураи ноҳияи Панҷ ҳодисаро “беэҳтиётӣ” унвон карда, дар марги Ҷумъаев ҳамкораш Насим Амирзодаро муттаҳам донист.  Алайҳи Н. Амирзода бо моддаи 108, қисми 2-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуд. Моддаи мазкур “куштор аз беэҳтиётӣ” ном дошта, қисми 2-и он ба шахси айбдоршуда аз ду то панҷ соли маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь