Судяи суди Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Хуршед Исозода ба директори собиқи Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода 12 500 сомонӣ ва қудояш Тоҷиддин Ҳабибуллоев 5 000 сомонӣ ҷарима таъйин кард. Ин ҳукм имрӯз, 28-уми сентябр содир гардид ва Назарзода инро ноодилона хонда, тасмим дорад пас аз гирифтани нусхаи қарор ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.

Сайфиддин Назарзода ва қудояш Тоҷиддин Ҳабибуллоев дар нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ барои даъвати аз меъёр зиёди меҳмонон айбдор дониста шудаанд, вале Назарзода ин иттиҳомотро нисбаташ рад карда мегӯяд, ки маъракаи “Оши наҳор” аз ҷониби қудояш дар тарабхонаи “Сарез” ташкил шуд ва ӯ он ҷо танҳо ба қабули меҳмонон сару кор дошт. Илова бар ин, ба гуфтаи Назарзода, кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гӯё рейди муштарак гузаронида бошанд, вале дар асл онҳо бе даъват ба тарабхона омада, ҳам ош хӯрдаанду ҳам маъракаро ба навор гирифтаанд, ки ин хилофи қонун мебошад. Намояндаи Агентӣ Розиқзода Ҳасан, ки ин “рейди муштарак”, иборат аз ду нафар корманди ин ниҳодро роҳбарӣ доштааст, дар мурофиаи гузашта мавриди пурсиш қарор дода шуд, гуфт, ӯ дар берун истода омадагонро назорат мекардааст ва шахсан ош нахӯрдааст. Розиқзода ба суоли Назарзода, ки “оё кормандони Агентӣ бе иштироки намояндагони танзим, ки назорати ҷашну маросимҳои миллӣ вазифаи онҳост, метавонанд дар алоҳидагӣ маъракаҳои мардумро назорат кунанд”, гуфт, онҳо ба ин кор низ салоҳият доранд.

Назарзода бар он назар аст, аз ҷониби ӯ ба ин маърака ҳамагӣ 77 нафар даъват карда шуда буд, вале на ҳамаи онҳо омада тавонистаанд. Ҳабибуллоев низ гуфт, аз 70 нафар меҳмонони даъваткардааш ҳудуди 50 нафарашон омадаанд. Ба гуфтаи Назарзода, дар маъракаи оши наҳор шахсони бегона низ, ки ӯ онҳоро бори аввал дидааст, иштирок кардаанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, “он шабу рӯз, ки назорати масъалаи қонуни танзим пурзӯр шуда буд, Назарзода метавонист шахсияти меҳмонҳоро муайян кунад. Онҳоро пурсад, ки киянд бо даъвати кӣ омадаанд ва аз маърака берун кунад. Назарзода ва Ҳабибуллоев бояд шахсияти ҳар як меҳмонро муайян мекарданд ва ба маърака роҳ медоданд”.

Дар посух ба суоли прокурор адвокати Назарзода норозигӣ баён намуда гуфт, ин пешниҳоди прокурор мувофиқи урфу одати тоҷикон нест ва ҷойи шарми мизбону таҳқири меҳмонон аст: “Чӣ хел рафта, ҳар яки онҳоро мепурсад, шахсияташонро муайян мекунад. Бояд мақомоти прокуратура аз рӯи аксу наворҳо таҳқиқу муайян мекарданд, ки иҷро нашуд”.

Сайфиддин Назарзода ва вакили дифоаш Бахтиёр Насруллоев дар ҷараёни мурофиаи судӣ гуфтанд, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва Додситонии шаҳри Душанбе ҳуқуқи онҳоро дағалона вайрон карда, алайҳи ӯ боғараз парванда боз кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь