Дар Малайзия Чемпионати футболи Осиё байни наврасон баргузор мегардад, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Малайзия, Ҷопон ва Таиланд қувва меозмояд.

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон барои омодагии ниҳоӣ ба ин мусобиқа дирӯз ба Малайзия сафар кард. Вохӯрии аввалро наврасони мо  бо дастаи мутахаби Малайзия 20 сентябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Куала-Лумпур мегузаронанд. Бозии дуюми онҳо бо дастаи мунтахаби Ҷопон дар варзишгоҳи «UM Arena» ва дидори сеюм бо футболбозони Таиланд 26 сентябр дар ҳамин варзишгоҳ баргузор мегардад.

Дар сурати ба бозиҳои чорякниҳоӣ роҳхат гирифтан наврасони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Давоми як ҳафта футболбозони мо барои одат кардан ба иқлими Малайзия дар майдонҳои футболи ин кишвар тамрин гузаронида, вохӯриҳои санҷишӣ баргузор мекунанд. Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов бо худ бозингарони зеринро ба Малайзия бурдааст:

Дарвозабонҳо:  Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Самандар Каримов («Локомотив-Помир»), Фирӯз Назаров (Академияи футболи ФФТ «Орзу-2026»);

Муҳофизатгарон: Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шаҳром Назаров, Меҳробҷон Азимов, Ҷонибек Шарифов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (ҳама аз – «Локомотив-Помир»);

Ниммуҳофизатгарон: Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»), Озодбек Панҷиев, Ҳамзаҷон Аҳтамов, Ҳамадонӣ Камолов, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Умедҷон Холиқов, Парвиз Ҳоҷиев, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама аз – «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Сунатулло Исмоилов («Хатлон»), Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (аз – «Локомотив-Помир»).

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь