Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати турзим ва варзиши Ӯзбекистон дар миёни духтарони синни то 17-сола мусобиқаҳои байналмилалии волейбол шуда гузашт. Ин мусобиқаҳо ба хотираи ду карат ғолиби бозиҳои олимпӣ Вера Дуюнова роҳандозӣ гардид.

Тавре сухангӯи ин вазорат Отабек Эшмамет ба мухбири “Фараж” изҳор кард,  мувофиқи нақша  Конфедератсияи волейболи Осиё дар тақвими мусобиқаҳои солонаи байналмилалӣ барои ширкат дар ин мусобиқаҳо волейболбозони синни то 17-солаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва Ӯзбекистонро шомил кардааст.

Мутаассифона, ба иллати пахши куруно вазъият ҷиддӣ гардид ва баъзе кишварҳо натавонистанд ба ин мусобиқаҳо варзишгарони худро фиристанд. Бо вуҷуди ин тимҳои волейболи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба шаҳри Навоӣ омаданд ва дар ин мусобиқаҳо қувваозмоӣ карданд, – мегӯяд Отабек Эшмамет.

Мавсуф афзуд, ки дар шакли доиравӣ бозиҳои гурӯҳӣ хеле пуршиддат гузашт. Тими “Олимп”-и Ӯзбекистон нисбат ба ҳарифони худ беҳтар бозӣ кард ва ғолиби ин мусобиқа шуд. Ба гуфтаи Отабек Эшмамет “Олимп” як бозиро ба ҳарифони тоҷикистонии худ бохт.

– Тими Тоҷикистон сазовори ҷои дуюм шуд, – гуфт Отабек Эшмамет ва тазаккуур дод, ки  қувваозмоии миёни тими “Олимп”-и Ӯзбекистон ва волейболбоздухтарони тоҷикистонӣ 111 дақиқа давом кард.

– Ин аз тӯлонитарин бозӣ дар мусобиқаи U-17 буд, ки дар шаҳри Навоӣ баргузор шуд, – иброз дошт сухангӯи вазорати туризм ва варзиши Ӯзбекистон.

Ҷои сеюм насиби тими “Водӣ”-и водии Фарғона шудааст. Варзишгарони вилояти Ӯши Қирғизистон ҷои аз ҳама охирро ишғол кардаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь