Имрӯзҳо дар кишвари Камерун мусобиқаи футболи Ҷоми миллатҳои Африқо идома дорад, ки бозиҳои даври ҳаштякниҳоӣ ба анҷом раисданд.

Дар даври ҳаштякниҳоӣ Тунис бар Нигерия бо натиҷаи 1:0, Гамбия бар Гвинея бо натиҷаи 1:0, Камерун бар Ҷазираҳои Комор бо ҳисоби 2:1, Сенегал бар Кобо-Верде бо ҳисоби 2:0, Марокаш бар Малави бо натиҷаи 2:1 пирӯз шуданд. Вохӯрии дастаҳои Буркина- Фасо ва Габон бо ҳисоби 1:1 ба охир раисд. Дар задани пеналтӣ Буркина-Фасо маҳорат нишон дод ва бо натиҷаи 7:6 пирӯз шуд. Бозии байни дастаҳои Кот-д’Ивуар бо Миср ва Мали бо Гвинеяи Экваторӣ бе задани гол дар вақти асосӣ анҷом ёфт. Зарбаҳои пеналтӣ дар ин ду бозӣ ғолибро маълум карданд. Миср бо натиҷаи 5:4 бар Кот-д’Ивуар пирӯз шуд, Мали аз Гвинеяи Экваторӣ бо натиҷаи 5:6 шикаст хӯрд.

Дар даври чорякниҳоӣ ин дастаҳо бо ҳам бозӣ мекунанд:

Гамбия – Камерун

Буркина-Фасо – Тунис

Миср – Марокаш

Сенегал –Гвинеяи Экваторӣ

Вохӯриҳои даври ¼-ниҳоии Ҷоми миллатҳои Африқо рӯзҳои 29 ва 30-юми январ баргузор мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь