Дирӯз, пас аз ба Душанбе ворид шудани Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Дар ин рӯз ифтитоҳи маҷозии иншооти дӯстӣ — Мактаби таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустӣ дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар идома дар вохӯрии президентҳо 36 ҳуҷҷат ба имзо расиданд, ки созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав; ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Complex Mining Solution”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон; созишномаи таъсиси “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон”; протоколи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ; протоколи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018; барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои солҳои 2021-2022; созишномаи таъсис додани ҷамъияти саҳҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ-иқтисодии сохтмон ва истифодабарии ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон; созишномаи ҳамлу нақли транзитии борҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон; харитаи роҳ барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ аз инҳо буданд.
Сипас, сарони давлатҳо аз натиҷаҳои музокироти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳорот доданд ва бо ширкати ВАО нишасти матбуотӣ доир карданд.
Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафраи худ ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе омада, дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Шоми ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон ҳамтои ӯзбеки худро бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи I сарфароз гардонд.
Сипас, сарои давлатҳо дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ», ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок карданд.