Ду китоби тозанашр дар Ӯзбекистонро метавон армуғони беҳтарин барои ҳаводорони каломи бадеъ ва посдорони забони ноби форсии тоҷикӣ дар ин кишвар унвон кард. Яке ба номи “Гули санг” ва дигаре ба номи “Сабзу сурх” аз тарафи нашриёти “Тамаддун”-и шаҳри Тошканд чоп шудааст.

Мураттиб ва муҳаррири китоби аввал “Гули санг” ва муаллифи китоби дуввум “Сабзу сурх” узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Юнуси Имомназар мебошад.

Тавре Юнуси Имомназар мегӯяд, “Гули санг” китобест, ки эҷодкорони зубдаи кӯҳистони Нураторо муаррифӣ менамояд. Дар он  гузашта аз сарсуханҳову поёнсуханҳо шарҳи ҳоли мухтасар ва намунаҳо аз эҷодиёти беҳтарин шоиру нависандагони кӯҳистони тоҷикнишини Нурато(марбут ба вилоятҳои Ҷиззах, Навоӣ ва Самарқанд) аз ҷумла, Баҳром Фирӯз, Ҷонибек Қувноқ, Бекназар Тӯйназар, Паймон, Абдулло Субҳон, Пайванди Гулмуродзода, Қироншоҳ Шарифзода, Пайғом, Ҳикмат Султонзода, Шакари Сайфӣ, Фаридуни Фарҳодзод ва худи ӯ ба табъ расидаанд.

– Дар ин шароиту замон барои нашри китоб масъалаи асосӣ пайдо кардани маблағ мебошад. Ба мо дар ин ҷода ҷавони бомаърифат ва саховатманди деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато – Ҷалоли Ҷамол дасти кумаку саховат дароз намуд. Ин кори савоби ӯ ба хотири зинда нигаҳ доштани рӯҳи падари бузургвораш ва аз ниҳояти муҳаббат нисбат ба миллату забони модарӣ сурат гирифт,-мегӯяд Юнуси Имомназар.

Маълум шуд, ки китоби «Сабзу сурх» аввалин Юнуси Имомназар мебошад. Аз рӯи гуфтаҳои муаллиф вай саъй кардааст дар мисоли ҳаёти одамони рустоӣ аъмолу афкору воқеоту пешомадҳоеро аз як давраи гузариши иҷтимоӣ барои хонанда нақл кунад.

– Ғояи асосии ин асар аз доду ситади одамон ва талошҳои онҳо барои имрори маош, алоқаи мардум ба адабиёту фарҳангу суннатҳои миллӣ, ҳимоят аз ору номус, ҷавонмардӣ дар баробари зулму разолатҳо, ҷаҳду кӯшиш ба хотири ҳифзи забону хат, кушодани мактаб, тавсифи арзишҳо ва ҳунарҳои миллӣ, отифаи ишқи инсонҳо, баръакси ҳама гуна таблиғоти пештара – дӯстию рафоқати мулло бо муаллиму раисони нав, ҳамдастиҳои пинҳонӣ, орзуи расидан ба дастоварду ормонҳои нав ва ғайраву ғайраҳо иборат аст,-иброз дошт Юнуси Имомназар.

Вай  аз доктори фалсафа доир ба илмҳои филология, сармуҳаррири нашриёти «Тамаддун» Олим Давлатзода, ки веростории ҳар ду китобро ба уҳда доштааст ва маротиби чопро муҳайё кардааст, изҳори сипос менамояд.

Тавре ки Юнуси Имомназар тазаккур медиҳад, аҷдоди онҳо аз давраҳои қадим  бо тамоми вуҷуд  ва ҳисси баланди худшиносӣ талош ба харҷ додаанд, ки забони модарии худро ба наслҳои баъдӣ гузаронанд ва забони ноби форсӣ аз даҳон ба даҳон, аз сар ба сар, аз сина ба сина интиқол ёбад.

– Ин талошҳои бобоёни мо дар авоили асри гузашта, билхосса, дар солҳои бистум ва сиюм, ки ҳукумати шӯроӣ бо дастгоҳи пурзӯру бераҳми худ ба зиндагии мо роҳ ёфт, ҳассос ва шоёни таҳсин аст. Мо аз бисёр дастовардҳои худ маҳрум шудем: дар бисотамон на замини дурустҳисобӣ монд, на маъхазу манбаъҳои моддию фарҳангӣ монд, на фишангҳои маъмуриву раҳбарӣ.  Бо вуҷуди ҳамаи ин, ба буда қаноат кардем. Ба вижа, забони модариамонро рушду нумӯъ бахшидем,-мегӯяд ин нависандаи чирадасти кӯҳистони Нурато.

Юнуси Имомназар аз он ибрози нигаронӣ мекунад, ки дар ин замони «осоишта» он ҳама талошҳои бобоёни онҳо ҷиҳати ҳифзи забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ бар абас меравад ва имрӯз аҳвол ҳатто аз он солҳои маҳрумии бистум бадтар аст!

– Фоҷиаи миллӣ ба сарамон омадааст: падару модарон беш аз пеш ба бегонаҳо пайравӣ мекунанд, ба хотири қонеъ сохтани нафс ва роҳати худ аз забони модарӣ даст мекашанд, мактабҳои тоҷикиро мебанданд, ба фарзандони худ омӯхтани забонҳои ғайрро талқин мекунанд, на фақат дар кӯю кӯча, ҳатто дар доираи оилаашон бо забони бегона такаллум менамоянд, парвое надоранд, ки фарзандонашон ба забони дигар омӯзишу парвариш меёбанд, на ба мутолиаи рӯзнома, на ба хондани китобҳое, ки ба забони модарӣ чоп мешаванд, рағбат доранд, ҳеч ба гӯшаи хаёлашон намеояд, ки бо ин ҳама дуршавӣ аз асли хеш шири модар барояшон заҳр хоҳад гашт,-мегӯяд бо изтироб Юнуси Имомназар.

Оё  дар ин раванд дасти касе ё касоне ҳаст, ки тоҷиконро аз ҳифзи забону фарҳанг бозмедорад?-мепурсем аз Юнуси Имомназар.

– На,-посух медиҳад ӯ,-ин ҷо ғайр аз худи мо каси дигареро айбдор кардан нашояд!

Вай афзуд, ки  бо вуҷуди ин ҳама дуршавиҳо аз асли хеш то ҷое, ки нерӯ дар тан ва ақл дар сар доранд, барои зинда нигаҳ доштани забони модарӣ, ба хотири наозурдани рӯҳи гузаштагон дар такопӯ ҳастанд ва талош мекунанд то ҳадде нафъашон ба миллат бирасад, забони форсии тоҷикро аз ҳар тариқ зинда нигаҳ доранд.

– Намедонам китобҳои моро чанд нафар мехонад, ҳамчунин маълум нест, ки аз чопи онҳо чанд кас хурсанд мешавад, вале яқинан медонам, ки ҳадди ақал бо ин роҳ забони модариамонро тарғиб мекунему пос медорем,-мегӯяд Юнуси Имомназар.

Тавре ки вай боз қайд намуд, дар ҳар сурат, аҳли қалам, равшанфикрону равшанзамирони тоҷики муқими Ӯзбекистон бояд ба он ақида устувор бошанд, ки забони форсӣ дар кишварашон пойдор ва сунатҳои миллиашон барқарор бимонад.

Ба таъкиди нависанда Юнуси Имомназар барои густариши забону фарҳанги миллии тоҷикӣ дар давраи сарварии раисиҷумҳури дурандешу хирадманд Шавкат Мирзиёев шароити зиёд фароҳам оварда шудааст. Мавсуф афзуд, ки тоҷикони кишвараш метавонанд аз ин шароит ба нафъи худ истифода кунанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь