15.09.2017 дар Бемористони Ибни Сино ироаи китоби “Ҳазорвожаи чаҳорзабонаи пизишкӣ” пешкаши ҳаводорони илму адаб гардид. Ин китоб аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва дастгирии молии Бемористони Ибни Сино ба чоп расид.

Китоби мазкур бо чор забон: русӣ, тоҷикӣ, англисӣ ва форсӣ нашр гардидааст ва қадами устуворе дар танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти пизишкӣ ва рушду густариши забони адабии тоҷикӣ ва ба забони илмӣ табдил ёфтани он ба шумор меравад. Дар ҷаласаи ифтитоҳии ин китоб намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат варзиданд. Дар ҷаласа мудири шӯъбаи ташкилӣ ва методии муассисаи Акадмеияи илмҳои тиббии Вазорати тандурустии ҶТ Саидбилол Қурбонов, узви гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Кароматулло Усмонов, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии назди Сафорати ҶИЭ Ҳасани Қарибӣ ва раиси Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода суханронӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь