Муҳидинов Ҷамолиддин Фатҳудинович моҳи феврали соли 2005 бо маслиҳати пешакӣ бо Яқубов Ҷ.Т.  ва Файзиев Ф.С. ба муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадори навъи “героин” бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон машғул шудаанд.

Тибқи маслиҳати пешакӣ моҳи феврали соли 2005 Яқубов Ҷ.Т. дар ноҳияи М.С.А. Ҳамадонии вилояти Хатлон аз “Абдухолиқ” ном шахси ба тафтишот номаълум шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар 3 қутӣ ва 4 халтаи полиэтиленӣ 136 кг. 466 грамм воситаи нашъадори навъи “героин”-ро ғайриқонунӣ ба маблағи 40.000 доллари ИМА харидорӣ намуда, тавассути автомашинаи шахсиаш тамғаи “Нисан Максима” ғайриқонунӣ ба шаҳри Душанбе интиқол додааст.

Дар асоси нақшаи тарҳрезишуда Муҳидинов Ҷ.Ф. ва Яқубов Ҷ.Т. воситаи нашъадори зикргардидаро бо мақсади ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ба манзили истиқоматии Файзиев Ф.С., воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Нишони Ленин, хонаи №22, ки онҳоро номбурда  мунтазир буд  ғайриқонунӣ  интиқол дода, пинҳон намудааст.

7 феврали соли 2005 соати 0700 дақиқа  дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи аз манзили истиқоматии Файзиев Ф.С. миқдори 136 кг. 466 грамм воситаи нашъадори навъи “героин” дарёфт ва гирифта шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод.

Бо ҳукми суди ноҳияи Рудакӣ аз санаи 24 январи соли 2018 Муҳидинов Ҷ.Ф. бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятӣ, яъне барои  муомилоти ғайриқонунии  воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон   гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 19 сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои  низомаш  сахт, аз ин 5 сол дар маҳбас  таъйин карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь