Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар барои тозаву озода нигоҳ доштани кучаву хиёбонҳои шаҳр қуттиҳои хурди паспартовҳо насб мешаванд.

Аз МИҲД-и шаҳр иттилоъ доданд, ки барои тозаю озода нигоҳ доштани кучаю хиёбонҳо, боғҳо, роҳраву гулгаштҳо бо ташаббуси шаҳрдори Бохтар Муминзод Абдулмаҷид,  рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ 10 адад қуттии хурди паспартови сарироҳӣ дар  мавзеъҳои алоҳидаи ҳудуди шаҳр гузошта шуд, ки ин иқдом идома дорад.

Шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳрро зарур аст, ки барои дар роҳҳои пиёдагарду гулгаштҳо напартофтани ҳар гуна партовҳо худдорӣ намуда аз қуттиҳои гузошташуда истифода баранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь