Сардии шадиде, ки моҳи феврал-марти соли ҷорӣ рух дод ба зардолузори ҳудуди вилояти Суғд бетаъсир намонд.

95 дарсади зардолуи ноҳияи Ашт низ аз ин сармо зарар диданд. Ҳоло вақти ҷамъоварии ҳосили зардолуст. Солҳои пешин сокинони ноҳия дар ин мавсим хеле серташвиш мешуданд, имсол аз як манбаи даромад бенасиб гардиданд.

Моҳи май зардолуи пешпазаки ноҳия пухт, аммо нархи он имсол боло рафт. Боғдорон як кило зардолуи пешпазакро, ки бештар содирот мешавад, ба нархи 10 сомонӣ мефурӯшанд. Ин арзиши зардолуи пешпазак нисбат ба солҳои қаблӣ 5-6 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳудуди вилоят замини зардолу дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Ашт ва Конибодом бештар аст. Тоҷирон зардолуи хушкшудаи ин шаҳру ноҳияҳоро ба Федератсияи Русия содирот мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь