Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ 1-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ, сабаби боло рафтани нархи билети ҳавопаймоҳоро ба набудани монополист (?) дар бозорӣ ҳавонавардӣ рабт дод.

“Мо дар бозори ҳавонавардӣ монополист (шояд “конкурент”-ро дар назар дошт-шарҳи редаксия) надорем. Танҳо як ширкати миллии “Сомон Эйр” дорем, ки ҳамагӣ 14.7%-и бозорро ташкил медиҳад. Дигар боқимонда ҳама ширкатҳои хориҷӣ мебошанд. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия аз соли 2001 то инҷониб мавҷуд аст. Дар он созишнома навишта шудааст, ки нархи билетро худи ширкатҳо муайян мекунанд”, – гуфт Муминзод Абдулмаҷид.

Ӯ инчунин қайд намуд, ки барои поён бурдани нархи билет дасти хадамот бастааст, чун ин созишнома байни ду ҳукумат баста шудааст ва хадамот наметавонад ба он дахолат кунад.

Дар ин баробар Муминзод гуфт:

– “Сомон Эйр” нархро бе асос баланд накардааст.

Давоми як моҳи охир нархи билетҳо аз самти Душанбе ба самти Маскав ба таври ногаҳонӣ баланд гардид. Аксарият инро ба мавсими рафтани муҳоҷирон рабт медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь