Дар Душанбе омузиши серӯзаи «Нақши васоити ахбори омма дар давраи пандемияи COVID-19» бо иштироки 30 нафар рӯзноманигорони расонаҳои электронию чопӣ ва кормандони хадамотхои матбуотии вазорату идораҳо ба анҷом расид.
Ин панҷумин омузиш аз силсилаи чорабиниҳо мебошад, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи фавкулоддаи муковимат ба ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (TEC-19) бо дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ амали мегардад.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон (АТТ), ки шарики иҷроияи Лоиҳаи омӯзиши воситахои ахбори оммаи TEC-19 мебошад, ташкил гардид.
Ҳадафи асосии тренингҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии намояндагони васоити ахбори омма ва кормандони хадамотхои матбуотии ташкилотҳои тандурустӣ чихати масъалаҳои мубрами марбут ба сирояти нави коронавируси COVID-19 ва омӯзонидани тарзи гузориши маълумоти бегараз ва боэътимод ба ВАО барои баррасии маълумот ба аҳолӣ ва шахсони тасмимгиранда бо максади ташаккули рафтори муносиби тамоми кишрхои ҷомеа дар шароити пандемия мебошад. Умуман, то ба имруз дар доираи лоиҳаи тренингҳои зикршуда зиёда аз 136 намояндаи ВАО-и пойтахт ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ва кормандони хадамотхои матбуоти малакаҳои касбии худро чихати инъикоси масъалаҳои мубрами пандемия ва ҳамкории самарабахш бо аҳолӣ баланд бардоштаанд.
Семинари навбатӣ ба масъалаҳои ҳамкории мутақобилаи расонаҳои хабарӣ ва хадамоти матбуотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин вазорату идораҳои масъул, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш ҷиҳати огоҳонидани аҳолӣ ва табодули иттилооти муҳим бахшида шуд.
Дар семинар инчунин муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардухтури давлатии санитарии РТ Амирзода Абдухолик Амир иштирок намуданд.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин дар суханиронии ифтитоҳии худ ба ҷамъомадагон қайд намуд: «Бо вуҷуди сатҳи хуби фарогирии ваксинатсия дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, масъалаи эмгузаронии ахоли чун пешина яке аз проблемахои мубрам дар назди системаи нигахдории тандурустии чумхури мебошад. То имрӯз 48,2% (2.844.301 нафар) аз аҳолии мавриди ҳадафи кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вояи якуми ваксинаро гирифтаанд, 41,3% (2.408.613 нафар) давраи пурраи ваксинатсияро гузаштанд. Бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шаҳру навоҳии кишвар бо 5 намуди ваксина таъмин гардидаанд, вале сокинони баъзе ноҳияҳо то ҳол ба гирифтани ваксина шитоб намекунанд, ки ин барои ҳарчи зудтар рафъ кардани пандемияи бемории сироятӣ халал мерасонад. Аз ин рӯ, гузаронидани чунин омузишхоро бо хабарнигорон ва хадамоти матбуоти муассисаву идораҳо муҳим ва саривақтӣ медонам, то бо ерии шумо ба аҳолӣ маълумотҳои боварибахш, замонавӣ ва мӯътамад дастрас шавад. Вазифаи шумо дар ин замонҳои душвор наҷот додани ҳаёти одамон аст. ”
Барандаи семинар, директори Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон Рустам Турсунзода, аз ҷумла гуфт: «Раванди кунунии пандемияи COVID-19 ва пажӯҳишҳои коршиносони тиб тасдиқ мекунанд, ки ваксинатсия ягона усули самараноки мубориза бо пандемияи бемории сироятӣ мебошад. Танхо дар хамон холат, ки фарогирии ахоли бо эмгузарони тақрибан ба 90% расад, инсоният метавонад ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад. Дар ин вазъият матбуот роли калон мебозад. Воситаҳои ахбори омма бо пешниҳоди иттилооти мӯътамад метавонанд мардумро ба ваксинатсия ва андешидани чораҳои гигиенӣ ташвиқ кунанд. Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон кумаки худро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми сохторҳое, ки дар бунёди робита бо ВАО ва пахши иттилооти муҳимтарин аз сарчашмаҳои аввал машғуланд, вазифаи шарафнок медонад”.
Ҷаласаҳои алохида аз ҷониби сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон Наврӯз Ҷаъфаров, директори Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика Файзалӣ Саидзода ва намояндагони дигар сохторҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Точикистон гузаронида шуданд.
Тренерҳои ВАО дар бораи хатарҳои инфодемия сӯҳбат намуда, роҳҳои пешниҳоди маълумотро дар бораи сирояти коронавирус бо назардошти жанр ошкор намуда, ба иштирокчиён усулҳои тахкики иттилоотро омӯзониданд. Онҳо ҳозиринро бо усулҳои ба даст овардани маълумоти дақиқ аз манбаъҳои расмӣ тавассути ҳамкорӣ бо котибони матбуоти муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Точикистон шинос карданд. Мавзӯҳое, ки коршиносони тиббӣ фаро гирифтаанд, аз қабили эпидемиология ва роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус дар ҷаҳон ва Тоҷикистон, тафсири дурусти нишондодҳои омории COVID-19, рафтори инсон дар давраи бӯҳронӣ, кумаки ичтимои ва равони ба ахоли дар давраи пандемия бо назардошти ҷанбаҳои психологии инфодемия ва стресс, дастгирии иҷтимоию равонии аҳолӣ ва дигархо мавриди таваҷҷӯҳи хоссаи иштирокчиёни семинар гардиданд.
Рӯзҳои наздик дар пойтахт семинари ҷамъбастӣ баргузор мегардад, ки ба он кормандони хадамоти матбуотии вазорату идораҳо ва рӯзноманигорон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват мешаванд.