Аз 12 то 14-уми октябри соли ҷорӣ, дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” мизи мудаввар барои баррасии “Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияҳои Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2023-2025” бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, баргузор шуд.

Шарҳи универсалии даврӣ (ШУД) механизми Шӯрои ҳуқуқи башар буда, дар як сол чаҳор маротиба иҷрои уҳдадориҳои 193 кишвари узви Созмони Миллали Муттаҳид дар самти риояи ҳуқуқҳои инсонро баррасӣ мекунад. Тоҷикистон ҳамчун узви СММ тибқи уҳдадориҳои худ се маротиба дар ШУД ҳисобот пешниҳод кардааст, аз ҷумла 3 октябри соли 2011, 6 майи соли 2016 ва 4 ноябри соли 2021. Дар мизи мудаввар таҳлил ва таҳияи нақшаи амал барои иҷрои 234 тавсияи гирифташуда дар раванди ШУД мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои Наргис Зокирова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб омода ва қабули Нақшаи миллии татбиқи Тавсияҳои ШУД амалӣ мешавад, ки аз ҷониби роҳбарияти кишвар дар сатҳи баланд ба имзо расида, аз садоқатмандии давлати мо ба риоя ва тарғиби ҳуқуқу озодиҳои инсон далелӣ медиҳад.

“Дар Нақшаи миллӣ ҳамаи он тавсияҳое, ки Тоҷикистон дар доираи ШУД қабул мекунад, ба низом дароварда мешавад ва барои татбиқи саривақтӣ ва назорату арзёбии иҷрои ин тавсияҳо имкон медиҳад”, – иброз намуд Зокирова.

Нақшаи миллии татбиқи тавсияҳои даври сеюми Шарҳи универсиалии даврӣ мавзуҳои доғи ҳуқуқӣ, аз қабили шиканҷа, ҳуқуқи шахсони маъюбиятдошта, таҷовуз, терроризму экстремизм ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро фаро гирифт. Дар раванди мизи мудаввар, иштирокчиён дар раванди таҳлилу баррасии бандҳои тавсияҳо фикрҳои нав пешниҳод намуда, баъзе бандҳоро бо сабаби ба ҳам наздик буданашон якҷоя карданд.

Хуршеда Раҳима, яке аз иштирокчиёни чорабинии мазкур, ки аз ҷомеаи шаҳрвандӣ намояндагӣ мекунад, мегӯяд механизми ШУД ва махсусан чорабинии мазкур барои муҳокимаи Нақшаи миллӣ барои созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурди тавсияҳо ва пешниҳодҳои худ дар соҳаи ҳуқуқи инсон имконияти хуб фароҳам меорад.

“Моҳи октябри соли ҷорӣ ман дар муҳокимаи Нақшаи миллии иҷрои тавсияҳои давраи сеюуми ШУД иштирок доштам. Ин аввалин таҷрибаи иштироки ман дар чунин баҳс буд, ва бароям ман ҳамчун намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле пурарзиш аст. Чун дар ҷараёни он мо дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ ҳар як банди Нақшаи миллиро баррасӣ намуда, андешаи худро баён карда тавонистем. Аксари мо дар масъалаҳои гуногуни ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа, занон, кӯдакон, ҷавонон, муҳоҷирон кор мекунем ва кор дар «саҳро» хеле хуб омӯхтаем ва мушкилоту ниёзҳои ҷомеаро медонем. Ва дар раванди ширкат дар чунин чорабиниҳо мо имкони беҳамто дорем, ки масъалаҳоро дар сатҳи баланд ба миён гузорем, мустақиман бо шахсони тасмимгиранда онҳоро баррасӣ кунем ва эҳтимолан ба равандҳои муайяне таъсир расонем, ки метавонанд дар оянда вазъи шаҳрвандонро беҳтар созем”, – гуфт Хуршеда.

Мавриди зикр аст, ки баъди аввалин ҳисобот соли 2011, Тоҷикистон аз 42 кишвари узви СММ 137 тавсия гирифта буд, ки баъдан барои татбиқи онҳо ҳукумати кишвар дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъятӣ муддати як сол машваратҳо доир намуда, дар натиҷа бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2013 “Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияҳои Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2013-2015” тасдиқ гардид. Дар чаҳорчӯби даври дуввуми ШУД соли 2016, Тоҷикистон аз 71 кишвари узви СММ 203 тавсия гирифта, дар даври ниҳоӣ, ки соли 2021 баргузор шуд, кишвари мо аз 80 давлати узв 234 тавсия гирифт. Нақшаи миллии аввал аз 40 банд, Нақшаи дуюм аз 33 банд ва 80 зербанд иборат буданд, ки дар натиҷаи қисмати зиёди тавсияҳо иҷро шуданд.

Ташкилкунандагони чорабинии мазкур Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”, бо дастгирии молиявии филиали «Институти Ҷомеаи Кушод» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Дафтари минтақавии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон, Дафтари Комиссариати Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Филиали Ассотсиатсияи «Helvetas Swiss Intercooperation» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад.

М.Нозимӣ

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи Ҳукумати Швейтсария “Дастрасӣ ба адолат” омода гардидааст, ки он аз ҷониби ассотсиатсияи “Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен” филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар консорсиум бо барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид амалӣ мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь