Намояндаи Тоҷикистон дар баҳси сатҳи баланд дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба иттилоъи ин ниҳод, Баҳодур Шерилизода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар мубоҳисаи «Лаҳзаи табиат», ки дирӯз, 19-уми июл, дар қароргоҳи СММ доир гардид, иштирок кард.

Ҳифзи муҳити зист аз таҳдидҳо ва чолишҳои имрӯза мавзӯи баҳс гуфта мешавад.

Дар ин ҳол, намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси панелист дар сегменти аввали мубоҳиса таҳти унвони «Коркарди вокунишҳои ҳамоҳангшудаи низоми муштарак дар мубориза бар зидди чолишҳои ҷаҳонӣ» суханронӣ ва се таҳдиди умдаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, аз даст додани биогуногунӣ ва ифлосшавии муҳити зистро зикр кардааст.

– Баҳодур Шерилизода зимни суханронӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи кишвар дар ин маврид гуфт, – зикр мекунад манбаъ.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ӯ аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар пешбурд ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, аҳаммияти ташаббуси навбатии Эмомалӣ Раҳмон, сарвари давлатро оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъкид кард.

Бояд гуфт, дар Мубоҳисаи сатҳи баланд раиси иҷлоси 76-уми МУ СММ А. Шоҳид, Дабири кулли СММ А. Гутерриш ва раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ К. Келапиле инчунин иштирок ва суханронӣ кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь