Гилад Эрдан, намояндаи доимии Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ), гуфт, амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза метавонад “чанд ҳафта” идома ёбад. Вай таъкид кард, ки ҳадафи неруҳои дифои Исроил маҳви комили ҷангҷӯёни ҷунбиши тундрави фаластинии Ҳамос аст.

Дипломати исроилӣ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии амрикоии CNN гуфт: “Мо умедворем ва дуо мекунем, ки ин ба зудӣ хотима ёбад”.  Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир танҳо “марҳилаи навбатии амалиёт” идома дорад ва дар бораи анҷоми он дар бораи қатъи пурраи ҳама амалиёти ҷангӣ ҳоло ҳарф задан лозим нест.

Эрдан гуфт, ки ӯ ҳоло намедонад, ки марҳилаи навбатии амалиёти артиши Исроил чӣ гуна хоҳад буд. Ба гуфтаи вай, таҳияи нақшаҳои мушаххас ва ҷузъиёти амалиёт дар навори Ғазза “масъулияти раҳбарияти олии низомию сиёсии кишвар аст”.

Ҷанги Исроил бо Ҳамос аз 7-уми октябр идома дорад. Дар ҷараёни ҳамлаи ҷангҷӯён ба қаламрави Исроил 1,2 ҳазор нафар кушта ва 5,4 ҳазор нафар маҷруҳ шуданд. Ба иттилои Ҳамос, шумори кушташудаҳо дар натиҷаи даргириҳо дар Ғазза ба 11,3 ҳазор нафар расид. 27-уми октябр Исроил амалиёти заминиро дар Ғазза оғоз кард.. Рӯзи 2-юми ноябр неруҳои дифои Исроил аз муҳосираи пурраи шаҳри Ғазза хабар доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь