Намояндаи доимии Исроил дар СММ Гилад Эрдан дар шабакаи иҷтимоии X Антонио Гутерришро барои раҳбарии СММ нолозим хонд ва аз дабири кулли ин созмон даъват кард, ки фавран истеъфо диҳад.

“Дабири кулли СММ, ки маъракаи куштори дастаҷамъии кӯдакон, занон ва пиронсолонро қобили фаҳм медонад, барои раҳбарии СММ муносиб нест. Ман аз ӯ даъват мекунам, ки фавран истеъфо диҳад”, – навиштааст Эрдан.

Аз ин пеш Эли Коэн, вазири умури хориҷаи Исроил, гуфта буд, ки бо Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ, мулоқот нахоҳад кард.

Дабири кулли СММ дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ гуфт, ҳамлаи Ҳамос ба Исроил худ аз худ рух надодааст, мардуми Фаластин 56 сол боз таҳти ишғол қарор доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь