Ҳамасола дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” намоишу фӯруши маҳсулоти хушсифати ватанӣ баргузор мегардад. Ташкилкунандагон имсол низ ин анъанаи некро идома дода, рӯзҳои 2,3,4-уми ноябр дар Кохи Борбад Намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватаниро баргузор мекунанд.

Давоми 3 рӯз зиёда аз 30 корхона ва ширкатҳои машҳури кишварамон аз қабили “Сиёма”, “Артел”, “CoCa-Cola”, “Покиза”, “Файзи Расул”, “Доро”, “Шири Душанбе”, “Молочная радость”, “Қолин-Сервис”, “Беҳамто”, “Баракат”, “София”, “Слобода”, Шабакаи нуқтаи фурӯши сӯзишвории  “Гапзпромнефть”, “GVP”, “АКФА”, “Рамис”, “Химус”, “Тавҳидбонк”, “Душанбе-Сити банк” молу маҳсулот ва хизматрасониҳои мухталифи хешро бо нархи яклухт ба муштариён пешкаш месозанд. Харидорон аз Намоишгоҳ орд, равған, биринҷ, макарон; маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла, гӯшти мурғ, навъҳои гуногуни ҳасиб ва ҳасибчаҳои хушмазза; маҳсулоти ширӣ, аз қабили шир, ҷурғот, сметана, қаймоқ; қанду шоколад, пистаю бодом, мағзу мавиз, донагӣ, торту шириниҳои лазиз, соку шарбатҳои табиӣ, обҳои газнок, собуну шампунҳои хушбӯй, маводди шустушӯйӣ, доруворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи хешро бо нархҳои нисбат ба бозор пасттар дастрас карда метавонанд.

Дар Намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолии “Artel” ва   “Karcher” иҳтирок намуда, телевизор, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, чангкашак, кондитсионер, гармкунакҳои барқӣ, гӯштқиммакунак, тафдон ва дигар техникаҳои маиширо ба нархи дастрас ба муштариён пешкаш менамояд. “Душанбе Сити” ва “Тавҳидбонк” аз ҷумлаи иштирокчиёни фаъоли лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” мебошанд ва хоҳишмандон метавонанд барои анҷом додани амалиёт ва хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ ба намояндагони ин бонкҳо муроҷиат намоянд.

Маросими расмии кушодашавии Намоиш-фурӯши маҳсулоти иштирокчиёни  лоиҳаи озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, сарпарасту иштирокчиёни лоиҳа ва дигар шахсони расмӣ 2-юми ноябр, соати 9:00, дар Кохи Борбад баргузор мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь