24-уми июли соли 2022 кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як мардро аз ғарқшавӣ дар дарёи Душанбе наҷот додаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин мард сокини 51-солаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон буда, ҳамроҳи се нафари дигар дар ҷойи барои шиноварӣ мамнуъ оббозӣ мекардаанд.

Тибқи иттилои КҲФ, ин ҳодиса соати 18:50 рух додааст. Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  дар шаҳри Душанбе ҳангоми навбатдорӣ дар соҳилҳои канали дериватсионӣ дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонӣ шоҳиди ғарқ шудани ин мард шудаанд.

– Сармутахассиси мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолии Раёсат Ҷунайдулло Ализода худро ба оби пурхурӯш андохта, ба ёрии он мард шитофт. Вақте ба мард расид, мард дигар маҷоли ҳаракат надошт ва зери об ғарқ мешуд. Бо тамоми қувва ғарқшавандаро ба соҳил кашид ва ҳамроҳ бо ҳамкорон ба вай нафаси сунъӣ доданд ва ёрии аввалияи тиббӣ расонданд, – гуфта шудааст дар сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

КҲФ сабаби асосии ғарқ шудани ин мардро “надонистан ва ё риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ва шиноварӣ дар макони мамнуъ” гуфтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь