Вазорати корҳои хориҷии кишвар аз баргузор гардидани брифинг дар мавзуи муҳим хабар дод.

— 30-юми августи соли 2023 соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг вобаста ба Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад,- иттилоъ дод вазорат.

ВКХ аз намояндагони воситаҳои ахбори омма хоҳиш кардааст, ки то 28-уми августи соли 2023, соати 17:00 ба раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо телефони 221-83-95 ё почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj дар бораи иштироки худ (ному насаби хабарнигор, номи ВАО, почтаи электронӣ) иттилоъ диҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь