Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар хабар дод, ки имдодгарони ин ниҳод ба Туркия ворид шуданд. Дастаи имдодгарон иборат аз 50 нафар дар амалиёти наҷотдиҳӣ ва бартарафсозии заминҷунбии ин кишвар иштирок мекунанд.

Дастаи имдодгарон субҳи имрӯз ба Туркия расиданд. Ин бо дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст. Бори аввал аст, ки кормандони КҲФ дар корҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафсозии офатҳои табии дар хориҷӣ кишвар иштирок мекунанд.

Наҷодтдиҳандагон бо худ таҷҳизотҳои лозима барои наҷоти одамонро бурдаанд. Ҳамчунин, аз Тоҷикистон ба Туркия маводи ғизоӣ ва сару либос ҳам фиристода шудааст.

Дар маросими гусели имдодгарон дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Рраиси КҲФ, генерал-полковник Рустам Назарзода сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аджар ва дигар шахсони расмию кормандони ВАО иштирок карданд.

Маврид ба зикр аст, ки субҳи 6-уми феврал Туркия ва Сурияро заминларзаи шадид, бо қувваи беш аз 7,5 балл такон дод. Дар натиҷа биноҳои зиёд фурӯ рафтанд. Ба иттилои охирин шумори ҳалокшудагон аз ин офати табии дар ҳар ду кишвар марзи 15 ҳазор касро убур кардааст.

Давлати Абдулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь