Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории пешини Афғонистон, дар нахустин мусоҳибаи худ пас аз пирӯзии толибон дар Афғонистон гуфт, фирори ӯ аз кишвараш (15 август) тасмими ногаҳонӣ буд. Вақте нирӯҳои амниятии ӯ дар арк гуфтанд, ки дигар қодир нестанд, ки ҳимояташ кунанд, тарки кишвар кард.

Ашраф Ғанӣ дар мусоҳиба бо ҷаноби Ник Картер, раиси собиқи ситоди артиши Британия, дар барномаи “Имрӯз”-и радиои 4-уми Би-би-сӣ гуфт, танҳо иштибоҳи ӯ ба унвони раисиҷумҳур ин эътимод ба шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, буд. Вай гуфт, хашми афғонҳо  ва он ки ӯро дар тасарруфи сареъи толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва аксар мамолики ҷаҳон) дар Афғонистон муттаҳам мекунанд, дарк мекунад.

Ғанӣ, замоне, ки толибон дар тӯли чанд ҳафта бо хуруҷи комили нерӯҳои хориҷӣ тақрибан тамоми қаламрави Афғонистонро тасарруф карда, 15 август ба дарвозаи Кобул расиданд, кишварро тарк кард. Аксари вилоятҳо бидуни даргириҳо ба толибон таслим шуданд. Ба дунболи хабари фирори Ашраф Ғанӣ, толибон вориди Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон шуданд ва Ҳукумат амалан суқут кард. Пас аз чанд рӯз ӯ дар як паёми видеоӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб гуфт, ки ба далели “дасисаи куштор” дар камин қарор гирифтааст ва маҷбур шудааст, ки кишварашро тарк кунад, то аз хунрезӣ ва фалокат ҷилавгирӣ кунад.

Собиқ раисиҷумҳур дар мусоҳибаи ахири худ бо генерал Картер гуфт, ки ӯро қурбонӣ кардаанд, то дар бесарусомонӣ ва бӯҳрон дар Афғонистон муттаҳам шаванд. Вай гуфт, шарикони байналмилалиаш пайваста ба ӯ фишор меоранд ва салоҳияти ӯро маҳдуд мекунанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, омода аст, барои таҳқиқи иддаои бо худ аз Кобул пул гирифтан аз “детектори дурӯғ” (дастгоҳи дурӯғсанҷ) истифода кунад.

Вай ҳамчунин гуфт, ки пас аз расидан ба тавофуқ бо толибон, Амрико ба ӯ барои раҳоии 5000 маҳбуси толибон муҳлати ҳушдор додааст, ки ин яке аз сабабҳои аслии “ҳаводиси август” будааст. Вай афзуд, ки музокироти сулҳ бо толибон “ба масъалаи Иёлоти Муттаҳида табдил ёфтааст, на масъалаи афғонҳо.”

Матни мусоҳибаи генерал Ник Картер бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки дар оғоз аз ӯ пурсид, чаро Афғонистонро тарк кардааст?

Ашраф Ғанӣ: Сабаби асосии рафтани ман ҷилавгирӣ аз тахриби Кобул буд. Кобул қаблан дар муборизаҳои қудрат аз ҷониби муҷоҳидҳо хароб ва ба хок яксон шуда буд. Ду гурӯҳи гуногуни толибон аз ду самти гуногун вориди Кобул буданд. Эҳтимоли сар задани низоъи хушунатомез байни онҳо хеле баланд буд ва шаҳре, ки 5 миллион нафар аҳолӣ дорад, дар хатари тахриб шудан қарор дошт.

Ник Картер: Аз он рӯз, ки аз хоб бедор шудед ва воқеаро дидед, чиро дар хотир доред?

Ашраф Ғанӣ: Субҳи он рӯз ба сарам наомад, ки нимаи дуюми рӯз аз кишвар меравам. Ба мо хабар доданд, ки гурӯҳи Ҳаққонӣ ваъда додааст, ки ба Кобул надарояд, аммо баъди ду соат ин тавр нашуд. Аз ман хоҳиш карданд, ки ба ҳамкасбонам, аз ҷумла мушовири Шӯрои амнияти миллӣ иҷоза диҳам, ки кишварро тарк кунанд. Ман ҳам аз ҳамсарам хоҳиш кардам, ки кишварро тарк кунад, ӯ намехост. Якуним соат пеш аз рафтани ман рафтанд. Интизор шудам, ки Бисмиллоҳхон (вазири онвақтаи дифоъ) ба ман занг зада гуфт, ҳама чиз аз байн меравад. Он вақт ман мехостам ба Вазорати дифоъ равам. 25 дақиқа интизор шудам, вале мошинҳо наомаданд. Пас аз он доктор Муҳиб (Ҳамдалллоҳ Муҳиб), мушовири Шӯрои амнияти миллӣ ва сипас раиси PIPAS (Воҳиди ҳифзи президент) ворид шуда гуфт, ки PIPAS пароканда шудааст ва агар ман пофишорӣ кунам, ҳамаашон кушта мешаванд. Онҳо қудрати муҳофизати маро надоранд. Доктор Муҳиб воқеан тарсид. Ба ман бештар аз ду дақиқа вақт надод. Нақша ва фармони ман омода шудан ва ба Хуст рафтан буд. Ба ман гуфт, ки Хусту Ҷалолобод суқут карданд. Ман намедонистам, ки мо ба куҷо меравем. Танҳо вақте ки мо ба чархбол савор шудем, маълум шуд, ки мо аз кишвар берун мешавем. Воқеан ҳодисаи ногаҳонӣ буд.

Ник Картер: Конгресси Амрико ахиран аз Ҷон Сапко, нозири вижаи Амрико дар умури Афғонистон хост, то иддаъоҳоеро, ки гӯё ҳангоми хуруҷ аз кишвар шумо як миқдори муайяни пулро бо худ бурдаед, тафтиш кунад. Фикр мекунам, саволи дигаре, ки бисёре аз афғонҳо шунидан мехоҳанд, ин аст, ки чаро шумо Афғонистонро ҳамон тавр тарк кардед. Албатта, мехостам бипурсам, ки дар он лаҳза тарки Афғонистон барои шумо шахсан хеле душвор буд?

Ашраф Ғанӣ: Албатта, ин душвортарин чизе буд. Ин аст, ки сад рӯзи охир ман танҳо будам, дар бораи ҳодисаҳои дар гузашта рӯйдода навиштаву андеша мекардам. Вазъият аз ин душвортар шуда наметавонист. Ба ман лозим омад, ки худро қурбон кунам, то Кобулро наҷот диҳам ва худро ба вазъиятҳои воқеӣ фош кунам. Табаддулоти хушунатомез, на созиши сиёсӣ ё раванди сиёсӣ, ки дар он мардум ширкат мекунанд. Сониян, таъкид карданиам, ки ман аз кишвар ягон пул нагирифтаам. Чархболҳо ва макони аввалини мо барои тафтиш дастрас буданд. На танҳо аз пажӯҳишҳои ҷаноби Сапко дар ин бора истиқбол мекунам, балки мехоҳам таҳқиқоти бештаре анҷом шавад.

Ҳамин ки ин даъвоҳо ба миён гузошта шуданд, ман таклиф кардам, ки аз тарафи Созмон Милали Муттаҳид ва ё органҳои дигар тафтиш гузаронда шавад. Тарзи зиндагии ман ба ҳама маълум аст. Ман бо пул чӣ кор кардан мехостам? Ин иттиҳомҳое ҳастанд, ки нахуст аз ҷониби Русия ошкор ва баъдан нашр шуданд. Ман хурсандам, ки ҳама гуна тадқиқотеро, ки ман бояд анҷом диҳам, аз он ҷумла бо истифода аз детектори дурӯғ (дастгоҳи дурӯғсанҷ) ё дигар воситаҳои зарурӣ анҷом диҳам. Ман тарафдори тааҳҳудоти худ ба кишвари худ ҳастам ва мисли бисёри дигар, ман аз сабаби равобити хосам бо ниҳодҳои кашшофӣ ва ё чизи дигар ба сиёсат ворид нашудаам.

Ник Картер: Баргардем ба тафоҳумномае, ки 29 феврали соли 2020 ба имзо расид. Акнун, ки ба он менигаред, оё чизе дар бораи он, ки агар шумо бар он вақт баргардед, он метавонад ба таври дигар анҷом дода шавад, ё шумо метавонистед ба таври дигар рафтор кунед, ки натиҷаи беҳтари ин созишномаро ба бор меоваред?

Ашраф Ғанӣ: Он чизе, ки рӯзи 29 феврал рух дод, ин буд, ки мо ба ҷои расидан ба раванди сулҳ, ба раванди хуруҷи нирӯҳои ИМА расидем. Он замон толибон маргбортарин созмони террористӣ маҳсуб мешуд. Он рӯз ду тафоҳумнома вуҷуд дошт ва ду ҳодиса буд. Аввалӣ, дар Кобул ташкил карда шуда буд. Столтенберг, дабири кулли НАТО ва Спир, вазири дифои ИМА нахуст вориди Кобул шуданд ва тавофуқномаи муштаракро эълом карданд. Моҳҳост, ки ин дар баробари ҳамдигарфаҳмӣ бо толибон идома дорад.

Ник Картер: Яъне, ин ду воқеан як равобити муштараки онҳо ва Ҳукумати Афғонистон буд, дуруст?

Ашраф Ғанӣ: Бале. Вақте ки тафоҳумномаро мебинед, аз чаҳор қисм иборат аст. Аммо чор қисми ин ду тафоҳумнома аз ҳам фарқ мекунанд.

Ник Картер: Бубахшед, бояд тавзеҳ диҳед, ки манзур аз тафоҳумномаи дигар, тафоҳуми миёни Амрико ва толибон дар Доҳа аст?

Ашраф Ғанӣ: Ин тафоҳумномаро сафир Халилзод дар ҳузури котиби давлатии ИМА Помпео имзо кардааст. Вазири дифоъ Спер дар Кобул гуфт, ки ин як тавофуқи шартист ва бори дигар таъкид кард, ки ин як тавофуқи шартӣ аст ва агар толибон тааҳҳудоти худро иҷро накунанд, созишнома аз ҷониби Амрико лағв хоҳад шуд.

Муҳиммтарин масоиле, ки эҳтимолан яке аз аслитарин далоили вақоеъи моҳи август аст, ин буд, ки дар тафоҳумнома бо мо, ки моҳҳо бар сари он музокирот сурат гирифт, баён шуд, ки Амрико дар сурати озодсозии зиндониҳо аз сӯи ҳар ду тараф (толибон ва давлати Афғонистон), баргузории музокирот миён ду тарафро тасҳил мекунад. Теъдоди зиндонёне, ки бояд озод мешуданд, дар он тафоҳумнома ҳудуди чандсад нафар ҳадди аксар зикр шуда буд. Аммо дар як созишномаи таҳти раҳбарии Амрико бо толибон, Иёлоти Муттаҳида ӯҳдадории якҷониба гирифт, ки то 10 март озодии 5000 маҳбуси толибонро кафолат диҳад.

Ник Картер: Оё бо шумо дар бораи озодии 5000 маҳбус машварат накардаанд?

Ашраф Ғанӣ: Мо онро қотеъона рад кардем, зеро ман таклифамро анҷом дода бодам ва созишномаи сулҳро хонда будам ва ба ҷуз аз масъалаи оташбаси ҳамаҷониба ва доимӣ, ки ҷаноби Спир, вазири дифоъ ва дабири кулли НАТО такрор кард, бо мо машварат накарданд ва илова бар ин, Иёлоти Муттаҳида ба таври яктарафа ваъда доданд, ки дар давоми се моҳ маҳбусони боқимондаи толибонро озод мекунанд. Огоҳӣ дода шуд, ки мо бояд онҳоро озод кунем. Аввал ин шумора чандсад буд, баъд ба ҳазор расид ва баъдан қатъӣ ва пурра исрор карданд, ки ҳамаи панҷ ҳазор нафар озод карда шаванд. Аммо толибон аз музокироти сиёсӣ бо мо худдорӣ карданд ва гуфтанд, ки чӣ кор карда истодаед? Ва ҳатто дар бораи маҳбусон гуфтанд, ки ин тааҳҳудоти Амрикост ва Иёлоти Муттаҳида онро иҷро карданист. Ҳам аз ҷиҳати протсес ва ҳам аз ҷиҳати натиҷа ин масъулиятро бояд як коллектив равшан ба зимма гирад. Аз ҷумла, саволе ба миён меояд, ки чӣ тавр вакилони департаменти давлатии ИМА ба ин ду тафоҳумномаи аз ҳам фарқ дошта чӣ гуна розӣ шуданд? Онҳо ба ҳам мувофиқат карда наметавонанд.

Ник Картер: Бармегардам ба он ҷое, ки мо сӯҳбатро оғоз кардем. Оё гумон мекунед, ки агар дар он ҷо мемондед, метавонистед коре бикунед, ки онҳо мутаваҷҷеҳи он шаванд?

Ашраф Ғанӣ: Не. Зеро, мутаассифона, онҳо намои комилан манфии маро кашиданд ва ин ҳама аз он сабаб рӯй дод, ки мо ҳеҷ гоҳ имкони гуфтушунид бо онҳоро надоштем. Худи сафир Халилзод гуфт, ки ин масъала барои Иёлоти Муттаҳида шудааст, на барои афғонҳо. Онҳо моро дур карданд.

Ник Картер: Шумо вақти зиёде, чизе беш аз сад рӯз доштед, ки барои он чӣ рӯй дод, фикр бикунед. Оё шумо аз ҳар чизе, ки рӯй дод, пушаймонед? Барои бисёре аз одамон ҷолиб аст, то бидонанд, ки шумо худро чӣ гуна ҳис мекунед ва ин фирор барои шумо чӣ маъно дорад?

Ашраф Ғанӣ: Корномаи зиндагии ман нобуд шуд, арзишҳоям поймол шуданд ва маро қурбон карданд. Иёлоти Муттаҳида ва дигар иттифоқчиёни ғарбии мо интихоби худро доштанд, ки ё роҳи мубориза бо терроризмро тағйир диҳанд, ё аз он комилан даст кашанд. Аммо барои мо, то он даме, ки ҷанг бо терроризм чунин аст, автономияи миллӣ имконнопазир аст. Зеро тамоми мушкилоти дигари мо ба ҳамин вобаста аст.

Ник Картер: Дар замони президент будан, шумо хеле возеҳ гуфта будед, ки ин барои шумо мубориза бурдан то марг аст ва аз ҳама чизи муҳим, ки шумо то охир бар он меравед. Агар ба охири ин масъала баргардем, ман мутмаинам, ки афғонҳои зиёде ҳастанд, ки ҳамчун раҳбари худ шуморо дар ҳодисаи рухдода айбдор мекунанд. Эҳтимол шумо бояд ба ҳамаи онҳо ҷавоб диҳед.

Ашраф Ғанӣ: Албатта, барои онҳо гунаҳкор кардани ман комилан фаҳмо аст. Онҳо дуруст маро гунаҳкор мекунанд ва бар ин ҳақ доранд. Зеро ман ба шарикони байналмилалӣ эътимод доштам ва ин роҳро пеш гирифтам. Ба ҷои он ки пайваста ба мисли шахси пеш аз ман (Ҳомиди Карзай) рӯ ба рӯ шавам, ман, тавре ки шумо шахсан шоҳиди он будед, воқеан ҳама фишорҳоро барои пешгирӣ аз ин натиҷа қабул кардам.

Аммо онҳо низ ин таҳмили доимиро дарк мекунанд ва умедворам, ки бо мурури замон инро дарк хоҳанд кард. Аммо ман хашми онҳоро пурра мефаҳмам. Бештар дар шакли нотавонӣ. Аз ин сабаб, ман таваҷҷӯҳи худро ба он дорам, ки тавонам як қадами бунёдӣ ба пеш гузорам, на ба манфиати шахсӣ, балки тавонам ба Афғонистон ва ба самти пешгирифтаи он кӯмак расонам, то ҳамаи мо дубора муттаҳид шавем. Ва ин барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дарси ибрат аст. Афғонистони бетараф як ниҳоди пойдортар аст, назар ба Афғонистоне, ки аз берун ба майдони набард ё мавзӯи ҷанг табдил ёфтааст.

Ҳама мо иштибоҳи бузурге кардем, дар ин ки фикр кардем, шикебои ҷомеаи байналмилалӣ пойдор хоҳад буд. Ва дарсе, ки гирифтем ин аст, ки мо бояд дар самти мусолиҳаи воқеъии миллӣ, мустақилият ва ҳисоботдиҳӣ дар назди ҳамдигар ҳаракат кунем, то дубора бо ҳам зиндагӣ кунем.

PS: Ҳар сол дар рӯзҳои охири сол Би-би-сӣ чеҳраҳои саршиноси Бритониёро ба унвони “муҳаррири меҳмон” даъват мекунад ва ба онҳо имкони таҳияи барномаҳо медиҳад. Генерал Ник Картер, ки бо Ашраф Ғанӣ сӯҳбат мекард, имсол низ яке аз меҳмонони барномаи “Имрӯз”-и Радиои Би-би-сӣ буд.

Таҳияи Меҳрофарин Наҷибӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь