Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зеркумитаи сиёсати механизми ҳамкории сеҷонибаи Ӯзбекистон-ИМА-Афғонистон нахустин ҷаласаи  худро доир кард.

Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаро ноиби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фурқат Сиддиқов, ноиби ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Афғонистон Нэнси Ҷексон, ноиби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Афғонистон Мирвайс Нааб сарпарастӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ҷаласаи нахустини Зеркумита ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон ва нақши Ӯзбекистон дар ин раванд, таҳкими мулоқоти сиёсии ҷонибҳо, масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо дар робита ба ҳуқуқи инсон, озодиҳои динӣ ва савдои одамро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин аҳамияти тавсеа бахшидан ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, суръатафзоӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ, гузашта аз ин, мусоидат намудан ба рушди устувори иқтисодиёти Афғонистон аз масъалаҳое унвон гирифтаанд, ки ҳайатҳои иштирокчии ҷаласа дар атрофи он баҳсу гуфтугузор барпо кардаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон зикр кардааст, ки ҷонибҳо зарурати таҳия ва татбиқи барномаи фарогири сулҳи Афғонистонро муҳим арзёбӣ карданд. Дар пайи он аҳамияти таҳияи чунин ҳуҷҷат  дар заминаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ  низ хеле муҳим хонда шуд.

Эътироф гардид, ки баргузор шудани конфаронси байналмилалии Тошканд дар моҳи марти соли 2018 оид ба Афғонистон ва аз рӯи натиҷаҳои он қабул гардидани Қатъномаи Тошканд аҳамияти консептуалиро молик мебошад.

Интизор меравад, ки давраи нахустини музокираҳои байниафғонии ҳайатҳои иштирокчии ҷаласа дар шаҳри Доҳа-пойтахти Қатар баргузор мегардад. Чунин қарори ҷаласаро ҳайатҳо бо як овоз дастгирӣ кардаанд.

Ҷониби Ӯзбекистон гуфтааст, ки омодааст яке аз давраҳои баъдии музокираҳои байниафғониро шаҳри Самарқанд  мизбонӣ намояд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь